logo

фарҳанг

 МУҲАББАТ БА ИН ГАНҶ АБАДЗИНДА ХОҲАД МОНД


Воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи иттилоотӣ тақозо менамояд, ки китобхонаҳо ҷиҳати қонеъ гардондани эҳтиёҷоти хонандагон самту ҳадафи фаъолияти хешро ба вижагиҳои ин ҷомеа созгор намоянд. Китобхонаҳо ҷиҳати такмил бояд бо адабиёти наву ҷолиб ва ба ибораи дигар китобҳои электронӣ таъмин гарданд.
Дар партави сиёсати фарҳангдӯстона ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолияти китобхонаашро дар шакли наву муосир  ба роҳ монд. Китобхонаи замонавӣ дорои беш аз 17 ҳазор нусха, аз ҷумла китобҳои Пешвои миллат, адабиёти гуногуни илмӣ-соҳавӣ, осори шоирону нависандагони муосир, классики форсу тоҷик, адабиёти ҷаҳон, асноди  ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, адабиёти бачагона ва ғайра мебошад. Ҳамчунин, дар он шумораҳои нашрияҳои даврӣ ва, махсусан «Ахбори Маҷлиси намояндагон», рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Минбари халқ», «Народная газета», «Халқ овози» ва ғайра гирдоварӣ шуда, барои ниёзмандон пешниҳод мегарданд.
- Китобхона махзани дониш буда, тавассути китоб маданият ва илму техникаи ҷаҳонро  меомӯзему дар навбати худ донишу фарҳангамонро ба оламиён шинос менамоем. Халқу миллате, ки ба ин ганҷи бебаҳо муҳаббат дорад,  абадзинда хоҳад монд. Маҳз ба воситаи китоб инсон метавонад роҳи дурусти зиндагиро дарёбад ва аз таъриху фарҳанги миллати худ бохабар шавад. Мо тасмим гирифтаем, ки дар оянда  низ барои  боз ҳам ғанӣ гардондани  захираи китобхона аз адабиёти тозанашр  ва иттилооти  зарурӣ истифода  намоем. Китобхонаи мо то имрӯз дар як ҳуҷра бо осорхонаи  дохилиидоравӣ ҷойгир буд. Хушбахтона, бо такя ба супоришҳои Сарвари давлат ва ташаббуси роҳбарияти Маҷлиси намояндагон имрӯз онро дар алоҳидагӣ дар ду ҳуҷраи кушод ташкил намудем, ки кормандон метавонанд бе мушкилӣ аз ин махзани адаб, адабиёти дилхоҳро дастрас намоянд. Инчунин, дар дохили китобхона омӯзиши забонҳо ба роҳ монда шудааст, ки ҷиҳати забономӯзии кормандони ҷавон басо зарур аст. Шавқи ҳаводорони олами китобро ба назар гирифта, дар оянда мақсад дорем китобхонаро ба пуррагӣ ба таври электронӣ пешкаши хонандагон намоем. Зеро ҳар фарде, ки имрӯз ба китобхонӣ меояду аз махзани бебаҳои  он истифода  менамояд, бешубҳа, соҳиби маърифати комил  ва камолоти баланди ақлонӣ мегардад,- мегӯяд Меҳринисо Аҳмадова, роҳбари китобхонаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2020    №: 242-243    Мутолиа карданд: 155
24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКОБОД ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

ХАТЛОН. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ МЕАФЗОЯД

12.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МУВАФФАҚИЯТҲОИ РОССИЯ АЗ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ «СПУТНИК – V»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед