logo

фарҳанг

 «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». ШУКӮҲУ ТОБИШҲОИ ЯК ТАШАББУСИ ОЯНДАСОЗ


Даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тайи бештар аз як ҳафта дар толорҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардида, бо шукӯҳу тобишҳои маърифатӣ ва фарҳангии худ  ҳар як фарди соҳибмаърифатро мафтуну дилбохтаи зебоии маънавии худ кард. Бо вуҷуди он ки лаҳзаҳои алоҳида аз баргузории озмун тавассути шабакаҳои телевизионии кишвар пешниҳод мешуданд, лекин мардум суханронии иштирокчиёнро бесаброна интизорӣ мекашиданд ва аз салиқаи донишу ҳофизаи қавии онҳо баҳраманд мегаштанд.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар баргузории чунин озмуни моҳияти таълимиву тарбиявӣ ва маърифатию фарҳангидошта яке аз бузургтарин дастовардҳо ба шумор меравад, ки арзандаи таҳсин ва эҳтирому арҷгузорист. 
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо вуҷуди ҳамагӣ соли дуюм баргузор шуданаш миёни ҷомеа шуҳрати махсус пайдо карда, шавқу завқ ва меҳру муҳаббати наврасони аз панҷсола то пири ҳафтодсоларо бедор кард ва дар шинохту дарёфти беҳтарин соҳибистеъдодҳо, лаёқатмандон ва муштариёни сухану маърифату фарҳангро бедор кард. Аз омодагии довталабон ба даври ҷумҳуриявӣ маълум шуд, ки ҳар яки онҳо нисбат ба дигарӣ  аз рӯи баъзе хусусияту самт ва паҳлуҳо бартарӣ доранд. 
Мувофиқи маълумот дар марҳилаи ҷумҳуриявии озмун, дар маҷмӯъ 264 нафар довталаб: 67 нафар дар номинатсияи адабиёти классикӣ, 62 – то дар адабиёти муосир, 61 – то дар адабиёти ҷаҳон, 54 – то дар адабиёти бачагона ва 20 нафари дигар аз рӯи номинатсияи шоирӣ иштирок намуданд. Даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» минбари озоди суханро мемонд, ки бо таассуроти  хеле неку хотирмон ва масарратбахш анҷом ёфта, тобиши чеҳраҳои аслӣ ва воқеии маърифату маорифпеша, истеъдодҳои нодиру фавқулода ва арзандаю сазоворро муайян кард. Озмун барои миллату кишвар чеҳраҳои зиёди соҳибистеъдодҳоро аз ҳисоби наврасону хонандагон, донишҷӯёну магистрон, аспирантону омӯзгорон, кормандони дигар соҳаҳо ва нафақагирон муаррифӣ намуд, ки боиси ифтихор аст. Албатта, таманнои  ҳайати ҳакамону ҳамаи мардуми кишвар он аст, ки омодагӣ ба озмун ба мисли посухҳои дақиқу равшан ва мушаххасу қонеъкунандаи хонандаи синфи 11 аз шаҳри Панҷакент Раъно Насриддинова аз рӯи номинатсияи адабиёти ҷаҳон бошад.
Бо назардошти меҳнату заҳмат ва тайёрии ҳаматарафаи беҳтарин иштирокчиёни даври ҷумҳуриявии озмун ва бо мақсади ҳавасмандии онҳо бисёр хуб мебуд агар барои онҳо як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардад. Ба сифати имтиёз ба ғолибону иштирокчиёни озмун бо назардошти таҳсил дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар сурати хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ буданашон барои қабул ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии самти мувофиқ тавсияҳои беимтиҳон дохилшавӣ дода мешуд ва ё холҳои муайяне ҳангоми қабул ба зинаҳои таҳсилоти баъдӣ илова мегардид.   Ба ҳамин монанд, агар чунин имтиёзҳо ба ғолибону иштирокчиёни  фаъоли озмун аз ҳисоби хонандагони дигари зинаҳои муассисаҳои таълимӣ барои ба гимназияю литсейҳо, марказҳои рушди истеъдодҳо, марказҳои таҳсилоти иловагӣ ва мактабҳои президентӣ ҷалб шуданашон чораҷӯӣ карда мешуд, ба манфиат мебуд. Ҳамчунин, ба ғолибону иштирокчиёни даври ҷумҳуриявии озмун аз ҳисоби муҳассилини зинаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба сифати имтиёз ҷиҳати идомаи таҳсил дар зинаҳои бакалавру магистр ва докторантураи PhD омили беҳтарини ҳавасмандӣ маҳсуб меёфт.  
Онҳое, ки аз рӯи номинатсияи адабиёти ҷаҳон, махсусан ба забони русию англисӣ дар озмун иштирок карда, ғолиб ва ё беҳтарин эътироф шудаанд, ба самти ихтисоси мувофиқи забонҳои муассисаҳои  таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тавсия шуданашон ба манфиат аст. Чунки ин амал яке аз омилҳои татбиқи Барномаи давлатии такмил ва таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар кишвар шуда метавонад.
Дурахши «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», пеш аз ҳама, ба меҳнату заҳмат, иҷрои саривақтии вазифаву уҳдадориҳо ва ҳисси баланди масъулиятшиносии омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва падару модарони онҳо вобаста аст, ки албатта, шоистаи тақдир аст. Бо назардошти чунин шавқу завқ, майлу хоҳиши зиёди довталабон ба мутолиаи асарҳои бадеӣ ва ҷалби бештари хонандагон ба ҳифзу азбаркунӣ ва огаҳии комил аз фанҳои муҳими дигари таълимӣ бисёр хуб мебуд, агар доманаи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  фарохтар шуда, дар навбати баъдӣ аз рӯи номинатсияи забони тоҷикӣ бо фарогирии таъриху таҳаввулот ва пайдоиши забони тоҷикӣ ва мафҳуми тоҷик, давраҳои пайдоиши намунаҳои хаттии забони тоҷикӣ ва нахустин осори хаттӣ, ҳамчун забони давлатдориву коргузорӣ эътироф шудани он дар асрҳои гузашта, мақоми забони тоҷикӣ дар даврони шӯравӣ ва соҳибистиқлолӣ, ба миқдори муайян ҳифз кардани порчаҳои назмиву насрӣ дар васфи забон, ҳамчунин, номинатсия аз таърихи тоҷикон бо такя ба таърихи халқи тоҷик дар ибтидои асрҳои миёна, давлатдории тоҷикон, вазъи тоҷикон то ибтидои асри XX, тоҷикон дар давраи шӯравӣ ва дар давраи Истиқлолияти давлатӣ, мавзеъҳо ва бозёфтҳои таърихию этнографӣ ва мавзеъҳои таърихии аз ҷониби ЮНЕСКО эътирофгардида, тобиши он боз ҳам мунаввар мешуд. Ҳамчунин, ба асарҳои драмавӣ аҳамияти бештар  дода шавад, нуран ало нур хоҳад буд.
Раҷабалӣ  САНГОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2020    №: 242-243    Мутолиа карданд: 167
01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед