logo

фарҳанг

 «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». ОЗМУНИ ОЯНДАСОЗ ҶАМЪБАСТ ШУД


Шоми 18 декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор шуд. Тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамон, соҳиби Шоҳҷоиза Раъно Насриддинова гардида, диплом ва 60000 сомонӣ мукофоти пулӣ гирифт.
Барои дарёфти Шоҳҷоиза 5 довталаб - Рухшона Норова, хонандаи синфи 8, Раъно Насриддинова, хонандаи синфи 11 (ҳар ду аз шаҳри Панҷакент), Сарфарозиддин Иморуддинов, омӯзгор аз шаҳри Хуҷанд, Гулбаҳор Раҳимова, омӯзгор аз ноҳияи Мастчоҳ ва Нӯшофарин Хидирова, омӯзгор аз шаҳри Истиқлол донишу ҷаҳонбинии худро санҷиданд ва дар натиҷа Раъно Насриддинова пирӯз омад.
Падидаи нав дар озмуни имсола ба се гурӯҳ: тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспиранту докторантҳо) ва калонсолону намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони соҳаи фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) тақсим шудани ширкаткунандагон буд.
Дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик дар гурӯҳи тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ: Рухшона Норова (хонандаи синфи 8, Панҷакент) соҳиби ҷойи якум, Рухшона Афзалзода (Айнӣ), Саидамир Боқиев (Душанбе), Шукрона Хуҷамқулова (Душанбе) соҳиби ҷойи дуюм, Раҷабалӣ Абдусаломзода (Данғара), Меҳронаи Абдулло (Ховалинг) соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ: Сарвиноз Саидова (донишҷӯи курси дуюми ДМТ) соҳиби ҷойи якум, Ҷавоҳир Ашӯрова (Хуҷанд), Сулаймони Аҳтам (Тоҷикобод), Султон Каримов (Ёвон) соҳиби ҷойи дуюм, Фархунда Шодиева (Бохтар), Шаҳло Ёрмухамедова (Душанбе) соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун: Сарфарозиддин Иморуддинов (омӯзгор аз Хуҷанд) соҳиби ҷойи аввал, Оқил Осимӣ (Бӯстон), Сиратулло Зоиров (Душанбе), Дилафзун Раҳмонова (Панҷакент) соҳиби ҷойи дуюм, Раҳима Ҳидоева (Мастчоҳ), Меҳринисо Сатторова (Ёвон) соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик, дар гурӯҳи тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ: Рухшона Бобозода (хонандаи синфи 11, Файзобод) соҳиби ҷойи якум, Собирҷон Саидзода (Душанбе), Наргис Абдуллоева (Ҳисор), Гулзода Шералиева (Айнӣ) соҳиби ҷойи дуюм, Муҳаммад Шарифов (Душанбе), Зебунисои Азизиён (Деваштич) соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ – Шероз Бобохонов (донишҷӯи курси 2, ДМТ) соҳиби ҷойи якум, Гулафзо Пирова (Душанбе), Парвина Самандарзода (Душанбе), Мадина Зоирова (Душанбе) соҳиби ҷойи дуюм, Хосияти Шаҳобиддин (Бобоҷон Ғафуров), Моҳинов Аҳмадзода (Бохтар) соҳиби ҷойи дуюм, дар миёни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун: Гулбаҳор Раҳимова (омӯзгор, Мастчоҳ) соҳиби ҷойи якум, Далерҷони Бозор (Муъминобод), Азамат Шамсиддинова (Душанбе), Бахтинисо Низомова (Турсунзода) соҳиби ҷойи дуюм, Нилуфар Одинаева (Абдураҳмони Ҷомӣ), Хайрулло Ғафуров (Душанбе) соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик, дар гурӯҳи тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ – Шоина Мабатқадамова (хонандаи синфи 5, ВМКБ) соҳиби ҷойи якум, Муҳиба Шарифова (Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ), Сурайё Саидзода (Душанбе), Нигора Раҳмонова (Файзобод) соҳиби ҷойи дуюм, Ҳадиса Муъминова (Истаравшан), Мутриба Қурбонова (Ваҳдат) соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ – Фарзона Восиева (донишҷӯи курси сеюми ДМТ) соҳиби ҷойи якум, Саёҳат Маҳмаддавлатова (Данғара) соҳиби ҷойи дуюм, Сорбон Бобоева (Бохтар), Малика Мавлонова (Рӯдакӣ) соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун – Фарзона Темурзода (Ёвон) соҳиби ҷойи дуюм, Маҳмурод Раҳмонов ва Тоҷинисо Давлатова (Бохтар) соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон, дар гурӯҳи тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ – Нозанин Саидзода (Душанбе) соҳиби ҷойи якум, Мадинаи Ҷамолиддин, Самина Саидова, Сайидо Шарапов (Душанбе) соҳиби ҷойи дуюм, Шарифамо Одинамамадова (Хоруғ), Муродҷон Бойсаризода (Исфара) соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ – Шабнам Одинаева (донишҷӯи курси дуюми ДМТ), Хуршед Қурбонов (Кӯлоб) соҳиби ҷойи якум, Дилфуза Аҳмадҷонова (Душанбе), Нодира Ханҷарова (Турсунзода) соҳиби ҷойи дуюм, Мавлуда Атаджонова (Левакант), Дилбар Тошматова (Рӯдакӣ) соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун – Нӯшофарин Хидирова (омӯзгор, Истиқлол) соҳиби ҷойи якум, Рӯзигул Боякова (Душанбе), Олга Ҷӯраева (Ҷаббор Расулов), Маликахон Очилова (Дӯстӣ) соҳиби ҷойи дуюм, Аҷикулло Ҳусейнов (Данғара), Зумрад Абдуллоева (Ҳисор) соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Ба ғолибони ҷойи аввал диплом ва маблағи 30 000 сомонӣ, 25 000 ва ба ғолибони ҷойҳои дуюму сеюм диплом ва маблағҳои 20 000 ва 15 000 сомонӣ тақдим гардид.
Дар номинатсияи шоирӣ Мафтуна Назирова (корманди нашрияи “Зарафшон”) соҳиби ҷойи якум, Шобегим Маликова (Душанбе), Шаҳноза Пирова (Норак) соҳиби ҷойи дуюм ва Малоҳат Толибова (Ҷалолиддини Балхӣ) соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Ба ғолибони ҷойи якум диплом ва маблағи 25000 сомонӣ, ба ғолибони ҷойҳои дуюму сеюм диплом ва маблағҳои 20000 ва 15000 сомонӣ тақдим гардид.
Дар баробари ин, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сад иштирокчии фаъоли озмун ифтихорнома ва 1000 сомонӣ супурда шуда, ҳамзамон, иштирокдорони боқимонда бо сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр гаштанд.
Инчунин, бо пешниҳоди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 6 нафар иштирокчии фаъол, ки хонандаи муассисаи таҳсилоти умумӣ мебошанд, роҳхат барои бе имтиҳон қабул шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дода шуд,  бо пешниҳоди ҳайати ҳакамон се нафар бо нишони “Сухан”-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон сазовор гашт.
Соҳиби Шоҳҷоиза Раъно Насриддинова сипосмандии хешро аз номи кулли иштирокчиён ба муассиси озмун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта, зикр кард, ки ин ибтикори наҷиб барои равшан шудани роҳи ояндаи миллат машъали фурӯзони хирад аст.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷиҳати дар сатҳи баланд  ташкил ва баргузор намудани озмун ба Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар вазорату кумитаҳо, инчунин, дар тайёр намудани довталабон ба роҳбаладон, омӯзгорону волидон ва барои шаффофу воқеъбинона баҳогузорӣ намудан ба ҳайти доварон  изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2020    №: 242-243    Мутолиа карданд: 178
24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКОБОД ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

ХАТЛОН. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ МЕАФЗОЯД

12.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МУВАФФАҚИЯТҲОИ РОССИЯ АЗ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ «СПУТНИК – V»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед