logo

фарҳанг

 ҚУТБНАМОИ МИЛЛАТ


Дар ҳошияи мақолаи С. Ятимов таҳти унвони «Масъалаҳои забоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат», «Ҷумҳурият», 5. 09.2020, № 194-195
Даврони истиқлолият дар назди олимону донишмандон ва коршиносони  соҳавӣ вазифа гузошт, ки ба масъалаи шинохти арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардида, дар замони бархӯрди тамаддунҳо мавқеи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ матраҳ шавад. Хушбахтона, дар ин самт талошҳои пайгиронаи донишмандону муҳаққиқони забоншиносӣ ба чашм хӯрда, мақолаву рисолаҳои арзишманд дар боби забоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи асолати миллӣ рӯи кор меоянд.
Яке аз донишмандони пурмаҳсул доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон С. Ятимов мебошад, ки дар ин замина вобаста ба масъалаҳои забоншиносӣ пажӯҳиши арзишманде анҷом додааст. Зимни таҳқиқи масъалаҳои забоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат С. Ятимов ба масъалаҳои муҳиме рӯ овардааст, ки хонандаро ба худогоҳию хештаншиносӣ водор мекунад. Муаллиф, зимни таҳлили масъала дар матлаби мавриди назар ба асосҳои таърихӣ ва иқдомоти Пешвои муаззами миллат дар роҳи пуштибонӣ аз забони давлатиро ба тафсил шарҳ медиҳад. С. Ятимов  муборизаи забонҳоро майдони сиёсатбозиҳо дониста мавқеи устод Садриддин Айниро дар барқарорсозии забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ дар солҳои 20-уми асри гузашта муайян  намуда, чунин менависад: «Муборизаи устод Садриддин Айнӣ дар масъалаи воқеияти таърихӣ доштани миллати  тоҷик аввалин набарди  муваффақонаи забоншиносии тоҷик дар давраи нави таърихӣ буд».
Пасон, муаллиф аз он бо хушнудӣ ёдовар мешавад, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ беҳтарин шароити иҷтимоию сиёсӣ ва илмӣ барои инкишофи илми забоншиносӣ муҳайё гардид. Донишманди тоҷик бо нигоҳе ба таърихи гузаштаву имрӯза, симои ду абардмарди  таърихи миллатро дар инкишофи забони миллӣ муайян  менамояд: «Агар Исмоили Сомонӣ  ҳамчун асосгузори аввалин давлати тоҷикон ва ҳомии забон, илм, маърифат, маданият, фарҳангу адаби миллати тоҷик маъруф гашта бошад, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон аз бузургтарин абармардони таърих аст, ки на танҳо давлати навини тоҷиконро дар шароити ниҳоят мураккаб  ва фоҷиабори ҷанги таҳмилии дохилӣ, парокандагии миллӣ, рақобати шадиди геополитикӣ асос гузошт, балки дар роҳи эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ – таърих, забони модарӣ, маданият, фарҳанг фидокориҳои бемисл нишон дод».
Дар ҳақиқат, Пешвои миллат дар таҳкими худшиносӣ, ҳувият ва арзишҳои миллӣ, ки забон ҷузъи муҳимтарини он аст, хидматҳои мондагори таърихӣ анҷом доданд, ки ҳар як хонандаи хушзавқ аз ин амалҳои фарҳангпарваронаи Сарвари давлат огоҳии комил дорад. Забон дар тамоми давраҳои мавҷудияташ баёнгари ҳамаи арзишҳои миллии мо буд ва ҳаст. Ин мисолро мо дар ҷараёни истилои араб, муғулу дигар қавмҳои турктабор дида метавонем. Пас аз суқути давлати Сомониён ҳокимият пурра ба дасти қавмҳои турктабор гузашта бошад ҳам, забони мо маснади худро нигоҳ дошт, ки он аз бузургии ин забони ноб гувоҳӣ медиҳад.
Муаллиф дар матлабаш оид ба қудрату тавонмандии забони тоҷикӣ ибрози назар намуда, аз суханони Пешвои миллат иқтибос меорад: «Забони мо дар тӯли садсолаҳо аз баҳри Миёназамин то Ҳинду Чин ҳамчун забони муоширати байни халқҳои гуногун хизмат намуда, дар асари хаттии онҳо ҳам нақши зиёде гузоштааст».
С. Ятимов чун донишманди дақиқназар оид ба ташаккул ва хешигарии забонҳо баёни андеша намуда, таъсири забони моро дар таркиби дигар забонҳо муайян менамояд. Ӯ ба калимаҳои тоҷикие рӯ меорад, ки бо тағйироти фонетикӣ дар забони англисӣ дида мешаванд: калимаҳои забони тоҷикӣ, ки бидуни тағйири таркиби овозӣ ба таркиби луғавии дигар забонҳо, аз ҷумла забони англисӣ ворид шудаанд, хеле зиёданд. Онҳо дар ҳар ду забон ба як маъно корбарӣ мешаванд. Барои мисол: band [bænd] – банд (aшёе, ки дар як гурӯҳ, даста ҷамъ омадаанд, бастабандӣ шудаанд ва ё ҷамъ оварда шудаанд; монеа эҷод кардан, баста шудан); pas-пас (пас рафтан, пас гузаштан, пас мондан); past [pɑːst] – паст, (дар охир, дар ниҳоят); calf [kɑːf] – калф (ҷузъи табиӣ, санги бузург, харсанг); part – парт (қисм, ҷузъ, тикка, пора).  Бо ин маънӣ, он дар шеваи мардуми ҷануби Тоҷикистон серистеъмол аст. Он ҳам ба маънои аслӣ ва ҳам ба маънои маҷозӣ истифода мешавад: парт кардан (қисм-қисм кардан); ow – нав.
Умуман, С. Ятимов дар ин матлаби пурарзиши таҳқиқотӣ паҳлуҳои гуногуни инкишоф ва ҷойгоҳи таърихии забони тоҷикӣ, хидматҳои мондагору таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба риштаи таҳлил кашида, дар охир таъкид месозад, ки  «ворид кардани таълимоти Пешвои миллат дар соҳаи забоншиносии тоҷик, таҳқиқоти илмӣ дар соҳаҳои таърих ва фалсафа, ғояҳои марказии адабиёти бадеӣ, мантиқи китобҳои дарсӣ – маънои ворид кардани низоми арзишҳои миллӣ, маънавиёти хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ ба хотири тарбияи одам дар рӯҳияи тоҷикият, ватанпарастӣ, ҳимояи сохти давлатдорӣ ва амнияти миллӣ мебошад».
Рустам СОЛИҲОВ,
сармутахассиси шуъбаи
маорифи ноҳияи Восеъ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.12.2020    №: 244    Мутолиа карданд: 122
24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКОБОД ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

ХАТЛОН. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ МЕАФЗОЯД

12.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МУВАФФАҚИЯТҲОИ РОССИЯ АЗ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ «СПУТНИК – V»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед