logo

фарҳанг

 «ЗАБОНИ ДАВЛАТИ СОМОНИЁН»


Муаллифи ин китоби тозанашр Ҳасани Султон, доктори илми филология, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики Академияи табиатшиносии Россия, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, зимни таҳқиқу пажӯҳиш, баррасӣ ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади илмӣ таъкид медорад, ки авҷи шукуфоӣ ва боландагии забони мо марбут ба рӯзгори давлатдории  Сомониён мебошад. Барои тақвияти хулосаи худ ин суханони Муҳаммад Авфии Бухороиро аз тазкираи маъруфи ӯ - «Лубоб - ул - албоб» иқтибос мекунад: «Чун навбати давлати Оли Сомон даромад, рояти сухан боло гирифт ва шуарои бузург пайдо омаданд ва бисоти фазоилро басит карданд ва олами назмро низоме доданд ва шоириро шиор сохтанд».
Забони мо маҳз дар ҳамин замон, даврони давлатдории ин сулолаи бузург, рушду нумӯ ёфт, қудрату тавоноии бесобиқа пайдо кард. Ҳамчунин, бо ин забон фарҳанги ғании оламгир офарида шуд, ки овозаву шукӯҳаш то ба имрӯз боқист ва он моро ифтихор мебахшад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид барҳақ иброз медоранд:
«Маҳз давраи Сомониён буд, ки адабу фарҳанги ҷаҳоншумул ва забони ноби тоҷикии форсӣ чун дурри гаронбаҳо то имрӯз бар ҷабини таърих ва тамаддуни башарӣ медурахшад, чеҳраҳо ва ситораҳои дурахшонро тақдими ҷомеаи инсонӣ менамояд».
Муаллифи асар пас аз таҳқиқу пажӯҳишу баррасии забони тоҷикӣ (форсӣ) то замони давлатдории Сомониён авҷу боландагии онро бо далелҳои муътамад собит месозад. «Намунаҳои барҷастаи забони назму насри аҳди сомонӣ», «Устод Рӯдакӣ – падидаи нодири забонӣ ва адабии рӯзгори Сомониён», «Ҳаким Фирдавсӣ ва шукӯҳи ҳамосасароии миллӣ», «Абуалии Сино ва Абурайҳони Берунӣ - устодони бузурги забони илм» номи қисматҳои дигари китоби мазкур мебошанд.
Тавре аз ин номгузорӣ бармеояд, мавзӯи таҳқиқ, пажӯҳиш, баррасӣ васеъ ва ҳамзамон фарогир мебошаду бисёр муҳим. Муҳаққиқ номҳои ҳар як амири Сомониро бо таърихи валодат, замони ҳукмронӣ ва хидматҳои онҳо дар рушду нумӯи забони тоҷикӣ зикр мекунад. Инчунин, ду байти шоиреро, ки номҳои онҳоро ёдовар мешавад, меорад, ки бисёр ҷолиб аст:
Нуҳ тан буданд з-Оли Сомон машҳур,
Ҳар яке ба аморати Хуросон маъмур.
Исмоилею Аҳмадею Насре,
Ду Нӯҳу ду Абдулмалику ду Мансур.
Ин китоб дар нашриёти «Дониш» бо се забон: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ба табъ расидааст.
Дар баробари он ки асар барои истифодаи доираи васеи хонандагон пешниҳод гаштааст, бо камоли итминон метавон гуфт, ки барои мутахассисону муҳаққиқону донишандӯзони кишварҳои хориҷӣ низ туҳфаи арзишманд мебошад. Барҳақ, таълифу  нашру мутолиаи ин гуна китобҳои муфиду муҳим барои боло бурдани сатҳи худшиносӣ, дӯстдории Ватан ва забони ноби тоҷикӣ мусоидат мекунад.
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.12.2020    №: 245    Мутолиа карданд: 127
24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКОБОД ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

ХАТЛОН. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ МЕАФЗОЯД

12.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МУВАФФАҚИЯТҲОИ РОССИЯ АЗ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ «СПУТНИК – V»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед