logo

фарҳанг

 ИН КУҲАНМАРЗИ МУҚАДДАС...  

 
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон
  
Имрӯз Тоҷикистони азизи мо маҳзари осоиштагӣ, сулҳу дӯстӣ; мазҳари муҳаббати ватандӯстона; маҳзари созандагиву бунёдкорӣ, шукуфоӣ,  дурахши эҳёи ҳунарҳои мардумиву эҷодкориҳо; маҳзари фурӯғи субҳи доноӣ, маҳзари ҷилои саодати ҷавонон, хулоса, маҳзари ватандорӣ ва дигар падидаҳои дурахшони инсондӯстона аст.
Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ин сарзамини куҳанбунёди падарон миллати хайрхоҳу некманиши моро  ба армони ҳазорсола, яъне ба озодӣ, ба соҳибдавлатӣ, ба эҳёи навини таърихӣ овард. Банда ин падидаи муборакро “Тулӯи  озарин” номидаам. Имрӯз сарбаланд ва хушбахтам, ки дар синни ҳафтодсолагӣ дар партави ин тулӯи озарин ҳамбари ин ҷавони сисола, яъне Истиқлолияти давлатии Ватанам, ки саршори умедҳои нек ҳар солу ҳар рӯз қуллаеро аз пирӯзиҳои нав ба нав фатҳ мекунад, қадам мегузорам.
Ин куҳанмарзи муқаддас Ватани ҷони ман аст,
Ориёнои бузург аст, Хуросони ман аст.
Фозилонаш ба сухан забт ҷаҳонро карданд,
Ин ҷаҳон они ман аст, они ман аст, они ман аст.
Ман, ки бо лафзи бузургони ҷаҳон мегӯям,
Вожаҳоям ҳама анвори дурахшони ман аст!
Ҳар ваҷаб хокаш аз асрори куҳан мегӯяд,
Ин Варорӯди сафорезу Бадахшони ман аст.
Аз сухан дар лаби мардум ҳама ҷо зар резад,
Фазл дороии ин мулки Зарафшони ман аст!
Рӯдакиро ба ҷаҳон дод, ки Одамшуарост,
Балъамиро, ки ҳама фазли фурӯзони ман аст.
Хоки Фирдавсии тӯсист – абармарди сухан,
Пеши таърих шукӯҳи ману ҷавлони ман аст!
Мавлавӣ ибрату маҳбуби башар шуд, Сино
Ҳаками  ҳастии дунё, шарафи ҷони ман аст.
Нест дарде ба тану ҷон - ш ба ҷуз дарди сухан,
Ӯ сарафрохта аз ҳиммату эҳсони ман аст.
Як ҳамин бас бувадо, к-ин Ватани Хайём аст,
Ҳама з-оинаи ойини ниёкони ман аст.
Гар ман аз Ҳофизу Саъдиву зи Ҷомӣ гӯям,
Накҳати ишқу муҳаббат зи гулистони ман аст.
Ватани некманишони куҳанбунёд аст,
Ватани  ҳикмату андарзи азизони ман аст.
То ки таърихи гаронро ба сараш бардорад,
Шонаҳояш ҳама афрохта аз шони ман аст.
Ҳама оинаи ойини футувват хокаш,
Родмардӣ насабу фахри ниёкони ман аст.
Маҳзари сулҳу сафо, нуру наво, меҳру вафост,
Як назаргоҳи Худованди баэҳсони ман аст.
Ҷилвагоҳи ҳунару суннати наврӯзии мост,
Чашмаи хайру сахову фари виҷдони ман аст.
З-оташи ҷашни Сада ҷону дилам шуд равшан,
Меҳргонаш фараҳафшон ба сари хони ман аст.
Сабз дар сабз шукуфост муҳаббат дар он,
Меҳр дар меҳр дарахтон - ш гулафшони ман аст. 
Ба сухан тоҷи шараф додаву тоҷик шудааст,
Тоҷикистони навэҳёст, фари ҷони ман аст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.12.2020    №: 245    Мутолиа карданд: 224
24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКОБОД ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

ХАТЛОН. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ МЕАФЗОЯД

12.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МУВАФФАҚИЯТҲОИ РОССИЯ АЗ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ «СПУТНИК – V»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед