logo

фарҳанг

ҚОЛИНБОФӢ

Қолин ё гилем  мафрашест, ки мисли палос дар фарши хона меовезанд. Санъати қолинбофӣ таърихи тӯлонӣ дорад. Қадимтарин қолинҳое, ки то ба замони мо расидаанд, тақрибан, ду ҳазор сол қабл дар қаламрави Суғдиён бофта шудаанд. Дар давраҳои қадим қолинҳои бофтаи худро онҳо барои сохтани хаймаҳо, бо мақсади паноҳ бурдан аз бод  ва чангу ғубор, гарм нигоҳ доштани хонаҳо истифода менамуданд. Баъдан, одамон қолинро бо нақшу нигор ва рангҳо ороста, барои ороиши хонаҳо ба кор мебурданд. Қолинҳо вобаста ба тарзи истеҳсол бофташуда, дӯхташуда ва гулдор мешаванд. Ҷиҳати бофтани қолинҳо аз ресмонҳои пашмӣ ва нахи сунъӣ истифода мебаранд. Аксар қолинбофон аз ресмонҳои пахтагин истифода мебаранд, чунки он аз ҷиҳати сифат  ва коркард барои бофтани қолин хеле мувофиқ аст. Дар деҳот, гилембофони маҳаллӣ, асосан, аз пашми бузу гӯсфанд гилем мебофанд. Бофтани қолин аз якчанд қисм иборат аст: тор, пуд, печаки паҳлуӣ, тӯр, пӯпак ва тугун ё гиреҳ. Тор ресмоне мебошад, ки ба таври даврашакл аз рӯи гулаи боло ва поён кашида мешавад. Торро аз ресмонҳои пахтагин, абрешимин ва мӯи гӯсфанд тайёр мекунанд. Тугун (гиреҳ) – ро бо пашм аз байни торҳо гузаронда бо воситаи корд, аз тарафи берун мебуранд. Чор навъи гиреҳ маъмул аст: гиреҳи форсӣ, гиреҳи туркӣ, гиреҳи форсии ҷуфтӣ ва гиреҳи туркии ҷуфтӣ. Бо печаки паҳлуи қисмҳои чапу рости қолин ҳамроҳи пуд ба қисми дарунӣ ва берунӣ печонда мешавад, он тарафҳои қолинро мустаҳкам мегардонад. Тӯр дар аввал ва охири қолин ҷой мегирад. Вазифаи тӯр нигоҳ доштани пуд ва пати қолин дар аввалу охир буда ва он якчанд қатор бофта мешавад. Пӯпак дар охир баъди ба поён расидани бофтани қолин сохта мешавад. Қолинбоф торҳои боқимондаро бурида 5-6 тоашро якҷоя карда пӯпак месозад. Дастгоҳи қолинбофии анъанавӣ аз чӯб сохта шуда ва аз пояҳо иборат аст, ки барои ҳамвор кардани пати қолин истифода мешаванд. Барои бофтани қолин, пеш аз ҳама, нақш ва андозаи қолин интихоб мешавад. Қолинбоф зичии онро ба назар гирифта, ба дастгоҳ 294 тор мекашад. Дар натиҷа, пати қолин ба вуҷуд меояд ва ба воситаи қайчӣ пати ҳосилшударо ҳамвор мекунад. Ҳамин тавр, ин амал аз рӯи нақша такрор меёбад. Имрӯзҳо дар шаҳру навоҳии кишвар қолинбофии суннатӣ рушд пайдо кардааст ва ба ин кор бештар занону ҷавондухтарон ҷалб шудаанд.                                                     
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.12.2020    №: 250 - 251    Мутолиа карданд: 73
24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКОБОД ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

ХАТЛОН. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ МЕАФЗОЯД

12.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МУВАФФАҚИЯТҲОИ РОССИЯ АЗ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ «СПУТНИК – V»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед