logo

фарҳанг

ОЗМУНЕ, КИ ЗИЁ ОВАРД

Таҳти сарпарастии Президенти кишвар аз соли 2019 Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мегардад, ки дар боло рафтани шумораи китобхонон мусоидат мекунад. Он бо мақсади баланд бардоштани завқи хонандагон, тақвияти ҳофизаи таърихӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой намудани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин, магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар доир мегардад.
Боиси тазаккур аст, ки баъди озмуни ҷумҳуриявӣ сафи китобхонон дар байни тамоми қишрҳои ҷомеа зиёд гардида, шумораи муштариёни китобхонаҳо чандин маротиба афзуд. Ба фикри Ҳафиз Раҳмон, донишманд ва яке аз ҳакамони озмун, ин чорабинӣ бисёре аз чеҳраҳои нави ҷавону наврасро ошкор намуд, ки он аз ояндаи дурахшони миллат дарак медиҳад. “Иштирокчиёни озмун бо сатҳи дарк ва андешарониҳояшон фарқ доранд, аллакай, онҳо бо тафаккури худии ҳосилшуда аз мутолиа сарукор мегиранд. Онҳо зиндагиро дигар мекунанд”, - гуфт ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки бархе аз иштирокчиён бо сатҳи дониши худ бинандаҳоро дар ҳайрат гузоштанд. Яке аз онҳо Раъно Насриддинова мебошад, ки соҳиби Шоҳҷоиза гардид. Ӯ дар бораи озмун чунин назар дорад: “Он зиндагии ман, тасаввур ва хаёлотамро дигар кард. Он инқилоби мадании мост. Ҷавонон бо ширкат дар ин озмун иродаи худро қавӣ гардонда, масъулиятшинос мешаванд. Китобхон шудани насли нав беҳтарин армуғони ин сабқат аст”.
Дар ҳақиқат, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба ҳаёти фарҳангии мо нуру зиё ворид кард.

Руқия ҚУРБОНОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.01.2021    №: 3    Мутолиа карданд: 69
24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКОБОД ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

ХАТЛОН. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ МЕАФЗОЯД

12.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МУВАФФАҚИЯТҲОИ РОССИЯ АЗ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ «СПУТНИК – V»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед