Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
INTERFAX.RU. ММД Россия соли 2020 4 дарсад коҳиш ёфт ва соли равон 2,6 дарсад афзун мешавад,- омадааст дар гузориши январии Бонки ҷаҳонӣ.
«Известия». 6 январ дар натиҷаи эътирозу бетартибиҳои ҷонибдорони Президенти феълии ИМА Доналд Трамп дар бинои Капитолия дар Вашингтон чор нафар ҳалок шуд ва дар ин манзар мири Вашингтон Мюриэл Боузер то рӯзи тахтнишинии Президенти нав низоми ҳолати фавқулода роҳандозӣ намуд.
BZ-Berlin. Бино ба иттилои Канслери Олмон Ангела Меркел, бинобар афзоиши сирояти COVID-19 карантин дар мамлакат то 31 январ тамдид мешавад.
Gazeta.ru. Дар Ҷопон шабонарӯзи охир бори аввал аз оғози пандемия беш аз 6000 нафар мубталои коронавирус шуд, дар маҷмӯъ бошад, теъдодашон ба 260 ҳазор расид.
China Daily. Соли 2021 Чин нақша дорад, ки беш аз 40 парвози кайҳонӣ анҷом диҳад, - хабар доданд аз корпоратсияи аэрокайҳонии илмию техникии Чин.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 198