Хабарҳо
ВАРЗИШ
ҒАЛАБАИ ДУЮМИ БАҲОДУР ДАР БОКСИ ҲИРФАӢ
Бино ба иттилои сомонаи sport.rambler.ru, Баҳодур Усмонов, боксёри маъруфи тоҷик, дар набарди дуюми бокси касбӣ пирӯз гардид. Ӯ дар доираи мусобиқаи «Ҷоми Матч! Боетс» муштзани Россия Эмир Басировро шикаст дод.
Ёдовар мешавем, ки Баҳодур дар қувваозмоии аввали худ бар Вилдан Минасов (Россия) ғолиб омада буд.
МУТАХАССИСИ ТОҶИК ДАР ҚИРҒИЗИСТОН ФАЪОЛИЯТ МЕКУНАД
Нуъмонҷон Юсупови 47-сола сармураббии тими «Олой» (Ӯш, Қирғизистон) таъйин шуд.
Бар пояи маълумоти сомонаи рrosports.kg, сармураббии навро 5 январ, ба аъзои даста муаррифӣ карданд.
Бояд гуфт, ки «Олой» дар мавсими соли 2020 барандаи Ҷоми Қирғизистон шуд ва имкон пайдо кард, ки дар Ҷоми КФО ширкат варзад.
ҲОЛО ҲАМ БА КОРИ VAR РОЗӢ НЕСТАНД
Алекс Фергюсон, собиқ сармураббии «Манчестер Юнайтед», системаи видео-доварро (VAR), ки дар Чемпионати Англия истифода мешавад, сахт танқид кард.
- Ин фалокати воқеист. Чанде пеш бозии «Лидс» – «Бёрнли»-ро тамошо кардам. Як голи «Бёрнли»-ро ба ҳисоб нагирифтанд, гарчанде ки дарвозабон қоидаи бозиро вайрон карда буд, - иқтибос овардааст суханони Фергюсонро Daily Mail.
Бино ба навиштаи сомонаи euro-football.ru, Юрген Клопп, сармураббии «Ливерпул» низ, аз кори VAR розӣ нест.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 190