Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
Sputnik. Собиқ Президенти ИМА Барак Обама дар сафҳаи Твиттер навиштааст, ки ваҳшонияти ҷонибдорони Трамп дар Капитолия абадан дар таърихи кишвар сабт мешавад ва он "беобруии бузург" барои Амрико аст.
ТАСС. Бинобар нақшаи аниқи эмкунии аҳолӣ надоштан, вазири тандурустии Латвия Илзе Винкеле аз вазифа сабукдӯш шуд.
БелТА. Дар Беларус тасвири нави Нишони давлатиро бо ҷузъиёти тағйирёфта тасдиқ намуданд.
АИР "Новости". Сарвазири Ҷопон Ёсихидэ Суга дар Токио ва се префекти наздиктарини он ба ваҷҳи афзудани сирояти коронавирус роҳандозии такрории низоми ҳолати фавқулодаро то 8 феврал эълом дошт.
INTERFAX.RU. ИМА ҳафтаи гузашта бори нахуст аз соли 1985 аз Арабистони Саудӣ нафт ворид накард, - иттилоъ дод Вазорати энергетикаи кишвар.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1437