Хабарҳо
ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД
7 январ дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон – 2020» оғоз гардид, ки то 9 январ идома меёбад.
Зимни сухани ифтитоҳӣ вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода иброз намуд, ки соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумат буда, пайваста мавриди таваҷҷуҳу ғамхориҳои роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад. Дар иртибот ба ин, аз ҷумла ҳамасола озмунҳои ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон» ва «Омӯзгори соли Тоҷикистон» гузаронда мешаванд, ки мақсуд аз онҳо дарёфти мураббиву омӯзгорони соҳибистеъдод, навовар ва эҷодкор ба ҳисоб меравад.
Муовини вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ иброз дошт, ки ба даври ҷумҳуриявии озмун мураббияҳои муассисаҳои томактабӣ Шаҳло Неъматзода (ноҳияи Синои шаҳри Душанбе), Шаҳноза Раҳимова (шаҳри Ҳисор), Гулнора Оймадова (ноҳияи Данғара), Наргис Шарипова (ноҳияи Рӯшон) ва Таҳмина Ҳоҷибоева (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) роҳ ёфта, малакаи худро аз рӯи номинатсияҳои муаррифии фаъолияти педагогӣ, дониш ва маҳорати касбӣ, оростани мизи мудаввар, таҳлили ҳолатҳои равонӣ-педагогӣ, машғулияти таълимӣ, тасвир ва сохтани манзара хоҳанд санҷид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 261