Хабарҳо
ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳои парлумони касбии мамлакат, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадтоир Зокирзода дар ноҳияи Сангвор бо фаъолону ҷавонон, раисони ҷамоатҳои деҳот ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои таълимӣ вохӯрд.
Зимни мулоқот Маҳмадтоир Зокирзода аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ноҳияи Сангвор барои иштироки фаъолона дар интихоботи президентӣ арзи сипос намуд.
Ҳамзамон, мавсуф оид ба муҳтавои муроҷиатномаи Сарвари давлат доир ба сарфаи неруи барқ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, бунёди иншооти ҷашнӣ, таъмиру бунёди хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон бо мақсади истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагӣ ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, бунёди гармхонаҳо, захираи озуқа дар ҳар оила, риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва амсоли инҳо сухан гуфт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 424