Хабарҳо
ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ
Академияи миллии илмҳои кишвар нақша дорад соли равон бори нахуст корхонаи илмӣ - истеҳсолии дастгоҳи парвозкунандаи бесарнишин таъсис диҳад. Дар ин бора Фарҳод Раҳимӣ, президенти академия, дар маҷлиси солонаи он, ки чанде пеш бо ширкати васеи олимони кишвар баргузор гардид, иттилоъ дод.
- Мо таҷрибаи сохтани ин дастгоҳҳоро дорем. Олимон то имрӯз, аллакай, 6 нусхаи чунин дастгоҳро сохтаанд, ки дорои иҷозатномаву рақами қайди давлатӣ мебошанду ҳоло мунтазам парвоз анҷом медиҳанд,- гуфт Ф. Раҳимӣ.
Ба иттилои ӯ, корҳои лоиҳакашӣ барои сохтмони бино ва хариди таҷҳизот оғоз гардидааст. Бо истифода аз дастгоҳҳои бесарнишин то кунун кӯли Сарез, пиряхҳои кишвар ва дигар минтақаҳои касногузар аксбардорӣ шуда, олимон ба ин восита дар бораи чунин мавзеъҳо маълумоти нави барои илм муфид ба даст овардаанд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 234