logo

фарҳанг

 КОРД ЗАДАНИ ДЕВОНА АМИР ОЛИМХОНРО


Амир Олимхон аз шахсиятҳои таърихии аввали қарни гузашта маҳсуб мешавад. Ин амири Бухоро оқибат пас аз дидани ранҷу саргаштагиҳои зиёд дар ғарибӣ, дар Афғонистон оламро падруд мегӯяд. Дар болои санги гӯраш ин байтро ҳаккокӣ кардаанд:
Амири бе Ватан хору ҳақир аст,
Гадо гар дар Ватан мирад, амир аст.
Саҳифаҳои рӯзгору ҳукмрониаш чун амири Бухоро пурмуҳтавову рангин аст.
Мегӯянд, ки аз баъзе маслаки хонони гузашта ва расму оини обову аҷдод дурӣ интихоб намуд. Агарчанде ин амал ба зоҳир бад буд, аммо ба ботин ва дар асл нек буд. Чунончи ононеро, ки ба дурӯғ худро сайидзода ва шайхзода эълон карда, ба ин васила шуҳрату маҳбубият мехостанд, ҳамаро манъ намуд. Инчунин, дарахтҳои азиму бузургро, махсусан занон, зиёратгоҳ мепиндоштанд. Дар ин дарахтҳо онҳо латта меовехтанду чароғ фурӯзон ва аз он ҷойҳо талаби ёрӣ мекарданд. Амир ин гуна замину дарахтҳоро аз беху бун барканд.
Гадоёнро, ки давлат доштанду гадоӣ менамуданд, ҳамаро ҷамъ овард. Ба ҳар кадоми  онҳо пас аз сохтани сорбон як шутур дод, то онҳоро фарбеҳ ва ба ҳангоми зарурият дар корҳои подшоҳӣ ҳозир созанд.
Шайхтарошоне ҳам буданд, ки ба дурӯғ кароматфурӯшӣ мекарданд. Ба ин васила мусулмононро дар дами макри худ меандохтанд. Амир ҳамаи онҳоро аз имтиҳон гузаронд. Агар кори шайхе ҷавобгӯи талаботи шаръ мебуд, ба ӯ эҳтироми зиёд мегузошту иҷозати идомаи амали некаш мекард. Ва, баръакс, агар кори шайхеро хилофи шаръ меёфт, ӯро ба чандин хорӣ тавба медод.
Муаллифи ин ривоёт Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳакимхон ин байтро низ ба тақвияти андешаҳояш дар китоби «Мунтахабу - ут - таворих» меорад:
Бо тини ин қавми кофиркеш бо зоҳир Масеҳ,
Ҷумла Қуръон дар канор асту санам бар остин.
Ҷойи тааҷҷуб, аст, ки ин гуна амалҳои ғайришаръӣ дар асри XXI, дар замони пешрафту тараққиёти илму техникаву технология, ҳанӯз ҳам роиҷ мебошад.
Аз саҳифаи дигари рангини зиндагонии ин амир 18 корд хӯрдани ӯ аз ҷониби девонае аст.
Амир Олимхон ба хидмати эшони Мавлавӣ дохил шудаву тариқияи ҷаҳрияро интихоб карда буд ва ҳар рӯз баъди хуфтан ҷаҳр менамуд. Муаллифи китоби мазкур менависад, ки «ҳар рӯз девонабачае дар миёни ҷаҳр даҳан  пуркафк ба ҷаҳри амир ҳозир мешуд. Амир Олимхон аз вай воқиф гашта, ӯро яке аз зиндиқон пиндошта, дахл мекард ва масхара менамуд. Рӯзе Амир Олимхон аз гиребони ин девона гирифта, ба долони ҳарам мекашад ва чанд мушт дар он торикӣ ба фарқи ӯ мезанад. Ин девонабача дар соқи маҳсӣ кордчае пинҳон карда буд. Бо он ҳаждаҳ корд болои ҳам бо саросемагӣ ба шиками амир мезанад. Амир шамшер аз наём бароварда, ба гардани девонабача заданӣ мешавад. Шамшер хато меафтад ва ба китфи ӯ мехӯрад ва як дасташро фуруд меоварад». Шамшери дуюмро бар асари захмҳои хӯрдааш наметавонад, ки бизанад ва мураббаъ менишинад. Девонабача ба дасти чап кордчаро гирифта, дар он торикӣ ӯро ҷустуҷӯ мекунад, аммо намеёбад. Албатта, агар амирро меёфт, ӯро пора - пора мекард.
Ҳофизи Қувват ва Маҳмудхоҷа, надимони шоҳ, бо омаданашон пайи ҳам аз он девонабача захми корд хӯрданд. Надими дигари амир, ки Кичкинахон ном дошт ва масхарабоз буду чобукдаст, мерасад ва ташхис месозад, ки як дасти девонабача ба замин овезон асту ба дасти чап кор мекунад. «Кичкинахон хотири худро аз шарри девона ҷамъ кард. Дар камоли чустию чолокӣ аз ҷониби девона хез карда, девонаро чунон дар бар кашид, ки тоқати ҳаракат ба он нопок намонд ва бар замин ғалтида ва Кичкинахон дар болои ӯ ғалтида, маҳкам гирифта, намегузошт ва девона хобида кордчаро ҳавола мекард. Корд ба ҷойе намерасид». Оқибат девонабачаро пора - пора месозанд, аммо надонистанд, ки ӯ ин корро ба фармудаи касе кардааст ё ба девонагии худ намудааст.
Пас аз чил рӯзи давобахшӣ захми корд рӯй ба беҳбудӣ овард.
Ҳар куҷо дардест, доруе муқаррар кардаанд.
Ҳозиркунандаи чоп Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.01.2021    №: 7    Мутолиа карданд: 113
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед