logo

фарҳанг

ҲАДИСИ ИШҚ БА САД СӮЗУ СОЗ МЕГӮЯМ

Абдулқодири Раҳим аз диёри рангҳову эҳсоси ирфонӣ, дардҳову шодиҳо, ошноиву бегонагиҳо, худсохтану худбохтанҳо, сӯхтану гудохтанҳо омадааст. Шеъри ӯ аз «Дурӯғи шабнам» то «Раҳи ашк» марҳилаи пурарзиши рушди инсони ошиқу гирифтореро нишон медиҳад, ки дар печутоби зиндагии моддиву ирфонӣ худро меҷӯяд ва дар ин ҷустанҳо аз сарзамини рангҳо то ба берангӣ сафар мекунад. Шеъри ӯ, ҳангоми хондан, аз хонанда таваҷҷуҳи бештареро тақозо менамояд. Ҳар мисраъ, ҳар байт, ҳар қитъаи он тафсир мехоҳад, аммо шоир дар шеърҳои худ ситорае аз осмон намеорад, балки бо вожаҳое сабз ба гӯши пайкари ҳис ва андешаи мо пайғоме аз ҳақиқати зиндагии мо мерасонад. Ин пайғомҳо он қадар содаву шево ҳастанд, ки ба дили хонанда таъсире амиқ мегузоранд.
Шеъри Абдулқодири Раҳим шеъри огаҳист. Вай аз роҳи ба огаҳӣ расондан мухотаби хешро ба сӯи бедорӣ мебарад:
Оҳ, медонам, ки ранги нотавониҳо сиёҳ аст,
Лек мебинам,
Лек мегӯям:
Заврақе аз нуқраву аз бори нуқра ғарқ хоҳад шуд.
 
Огаҳӣ дар шеъри шоир оғози дарки маърифати зиндагист, ҳамон маърифате, ки хубу бадро чун дар оина менамоёнад. Аз ин ҷост, ки фарёди иҷтимоӣ гоҳе бедор ва гоҳе худбохта аз мағзи шеъри шоир баланд мегардад. Маънӣ бо ҷисм гоҳе меомезаду гоҳе дигар дар муқобили ҳам қад алам месозад. Аз ин рӯ, эҳсоси танҳоӣ дар иҷтимоъ мепечад ва шоир аз парешонӣ чун барги бед меларзад. Вай ин тирамоҳро дар баҳоре пештар фарёд карда буд, аммо:
Аз нафасҳо бӯи хокистар расад, 
хокистаре пуршӯр,
Бадгумонӣ бо ҳавои беҳавоӣ роҳ меёбад.
Муждаро зиндонии чашми сиёҳаш мекунад он ёр,
Ҳар кӣ меояд, зи кӯҳам бо баҳое коҳ меёбад.
 
Ҳамин тавр, маъниҳои ирфониву иҷтимоӣ дар ҳам танида мешаванд ва мани шоирро дар сайри моддиву маънавӣ гоҳе гирифтор ва гоҳе бол мебахшанд:
Зиндагӣ пир шуду марг ҷавон аст ҳанӯз,
Пушти ин ҳодиса афсуни замон аст ҳанӯз.
 
* * *
Дарахти пир дар оинаи бишкаста мегиряд,
Ва аз ин гиря мебинам, ки дасти модарам аз гӯр 
берун аст…
 
* * *
Зиндагӣ дар шикваҳои мардуми бозор механдад ба ҳолам…
* * *
Аз шаҳри пуртаронаи офоқ омадам,
Дар лаб таронаҳои диёри ҷавониам.
Кӯр асту гунгу кар ҳама дунёи пур зи бут,
Кай бинадам касе, ки на ин зиндагониям.
Абдулқодири Раҳим воқеан ҳам, ба шеъри муосири тоҷик «аз шаҳри пуртаронаи офоқ» омадааст. Тарзи баёну ифодаи андеша ва сабки шеъри ӯ фарқкунандаву хоси худи ӯ ҳастанд. Баёни ӯ ниёз ба андеша ва тафаккур дорад. Дар ашъори вай рӯҳи замон пар мезанад ва ин рӯҳ аз олами ҳастӣ пайғом меорад. Инсоне, ки дар шеъри Абдулқодири Раҳим тасвир мешавад, бо ҳол ва ранги мухталиф ба ҷилва меояд. Ғаму шодӣ, ранҷу осоиши ӯ замину осмонро фаро мегирад. Мани шоир ҳамон Мост ва Мои шоир дар Мани ӯ хулоса мешавад.
Ман ва Мои шоир мисли чароғе месӯзад, ҳамон чароғе, ки аз ҳасрати якумраи халқ, нангу ор, пурдилию мардонагиҳо, оби чашми модарон, орзуҳои шаҳидон шуълавар гаштааст:
Чароғе дар дили зулмат бисӯзад,
Барои Офтоби мурдаи Шарқ,
Барои ҳасрати якумраи халқ,
Барои ганҷҳои бурдаи Шарқ.
 
Боварҳо, суннатҳо, илму маърифати милливу шарқиёна барои шоир арзиши баланд доранд. Онҳое, ки ба рушду равнақи Ғарб бо ҳавас менигаранд ва Шарқро танқид мекунанд, аз назари шоир касоне ҳастанд, ки аз ҳақиқат хабар надоранд, худро бохтаанд ва ниёз ба худсозӣ доранд:
Эй ман ғуломи луъбати аз хок сохта,
К-ӯ бехабар ба Ғарб ишорат ҳамекунад,
Ҳарчанд роҳи марди худоҷӯй нест он,
Ҳам пои ман ба хоб, ки рафтаст, меравад…
 
Худро нашинохтан, ба беарзишӣ хӯ гирифтан ҷони шоирро  ба дард меорад. Вай аз бодҳое ҳушдор медиҳад, ки дар дилҳои мо мечарханд ва боиси шикаст, ғаму ранҷу ҳасрат мешаванд. Бодҳое, ки аз ҳасад, макру фанд ва тазвиру ҷаҳолат ба вуҷуд меоянд. Агар пеши роҳашонро нагирем, моро аз байн мебаранд, нобуд месозанд:
Бодҳое дар дили мост,
Аз раҳи тақдири дунё,
Аз фаромӯшии миллат,
Аз баҳои ҳар «ман»-у «мо».
Абдулқодири Раҳим шоири тавоноест, ки шеъри ӯ пажӯҳиши хосеро тақозо дорад. Ӯ ҳамон шоирест, ки аз ибтидо ҳақиқати «Ман доғ»-ро дар ҷони худ таҷриба кардааст. Аз фазои гарму ташнапарвари «Ман доғ» нафас кашидааст. Ишқро дар шуълаҳои оташи ҷон шинохтааст.
 
Ман нигаҳ бар сӯи шеъри нотамомам мекунам
                                                          бо оҳи сард аз дур,
Пешпоӣ мехӯрам, гар як қадам сӯяш гузорам,
Лек дар гӯшам садое ҳаст:
«Ман доғам ё дӯст?!»
Аз даравгарҳои пешин ёд дорам ин садоро,
Ин садо - доди Худоро.
 
Абдулқодири Раҳим зиндагиро бо чашмони шеър ба тамошо нишаста, ҳар шайъро дар ҳар вожа, ҳар байту мисраъ мисли инсон ба сухан, ба шодӣ, ба гиря, ба рақс меорад. Дар шеъри ӯ дарахт, барг, санг, об, коҳ… ҷон доранд, нафас мекашанд, ранҷ мебаранд ва ранги ҳоли инсонро низ нишон медиҳанд. Шоир барои тақвияти фикри хеш аз онҳо фаровон истифода мебарад:
Мӯр аз дона зимистон бихарад.
 
* * *
Барг дар ҷилва Худоро дарёфт.
 
* * *
Нигаҳи боди хазон
Рӯи як барг равон.
 
* * *
Гули бишкуфта чи донад арақ аз шабнами худ…
 
Ҳузури шоири тавоное чун Абдулқодири Раҳим фазои шеъри тоҷикро босафотар, боғзори онро рангинтару муаттар месозад. Накҳати шеъри ӯ равонҳоро менавозаду ошиқони каломи мавзунро масту махмур мегардонад.
Ҳамин бас аст, ки ман бо ту роз мегӯям,
Ҳадиси ишқ ба сад сӯзу соз мегӯям.
 
ВОРИС, шоир


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.01.2021    №: 9    Мутолиа карданд: 92
01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед