Хабарҳо
РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ
МАРКАЗИ ИЛМИИ ВИРУСОЛОГӢ ТАЪСИС МЕЁБАД
Академияи миллии илмҳои кишвар нақша дорад, ки соли равон маркази илмии муҷаҳҳази вирусологӣ таъсис диҳад.
- Рафти пайдоиш ва босуръат паҳн гардидани бемории COVID - 19 нишон дод, ки дар кишвар ба чунин як марказ эҳтиёҷ дорем. Дар ин самт бояд, ки корҳои муҳими илмӣ – таҳқиқотӣ анҷом дода шаванд, - мегӯяд Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Бино ба иттилои ӯ, бо ин мақсад ва ҷиҳати омода намудани мутахассисон академия, аллакай, бо Академияи илмҳои Белорусия шартномаи дуҷониба ба имзо расондааст. Баробари кушода шудани сарҳадҳо 15 мутахассиси ҷавон аз кишвар барои омӯзиш ба Маркази вирусологии Беларус фиристода хоҳад шуд.
БОЗЁФТИ ҲАВЗИ САНГИН ДАР КАРОН
Кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ ҳангоми экспедитсияи археологии Дарвоз дар ёдгории Карон ҳавзи сангини обтақсимкунандаро бо се дарғот пайдо намуданд.
Бозёфт аз он гувоҳӣ медиҳад, ки меъморони Карон аз қонуниятҳои илми физика бохабар будаанд ва дар бораи он, ки об мувофиқи сатҳи аз замин ҷорӣ шуданаш бо ҳамон андоза ба баландиҳо мебарояд, маълумот доштаанд. Чунин бозёфт дар таърихи Осиёи Марказӣ ва Шарқ бори аввал ба назар мерасад.
АТЛАСИ ПИРЯХҲОИ ТОҶИКИСТОН
Кормандони Маркази омӯзиши пиряхҳои назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон феҳристи Атласи пиряхҳои Тоҷикистонро тартиб дода истодаанд. Дар ин бора Абдулҳамид Қаюмов, директори марказ, ба мо иттилоъ дод.
Мақсад аз таҳияи феҳрист аниқ муайян намудани захираҳои об, миқдор ва андозаи пиряхҳо арзёбӣ мегардад. Феҳрист пиряхҳои 13 ҳавзаро дар бар гирифта, дар он беш аз 8 ҳазор пиряхи кишвар ҷой дода мешавад. Ба гуфтаи Абдулҳамид Қаюмов, ин рақам метавонад солҳои баъдӣ хеле зиёд гардад.
Зимнан, бояд ёдовар шуд, ки пиряхҳои кишвар солҳои қаблӣ аз ҷониби олимони соҳа омӯхта, дар кадом минтақа ҷойгир ва масоҳаташон муайян шудааст. Чунин омӯзишу таҳқиқҳо 50 - 60 сол идома ёфт. Аммо, баъдан, таҳқиқоти илмии бунёдӣ оид ба пиряхҳо қатъ шуда, дигаргуниҳои дар онҳо баамаломада норавшан монд.
Ҳоло ба омӯзиши ҳолати пиряхҳо ва гузарондани таҳқиқоти муосир Маркази омӯзиши пиряхҳо машғул аст ва, инак, соли сеюм аст, ки кормандони он экспедитсияҳои илмӣ анҷом медиҳанд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 252