logo

Хабарҳо

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

Дар ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илм, ки бо иштироки Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, доир гардид, фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар соли 2020 натиҷагирӣ шуд. 
Муовини якуми вазири маориф ва илм М. Саломиён дар бораи фаъолияти Вазорати маориф ва илм дар соли 2020 маърӯза кард. Мавсуф фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва фарогирии кӯдакон ба ин зинаи таҳсилот, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот, таъмини муассисаҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ, фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, марказҳои инкишофи кӯдак, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, саҳми муассисаҳои илмии тобеи вазорат дар таҳқиқу арзёбии низоми муосири таълим, рушди маблағгузории соҳа, сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ, рушди равобити байналмилалии вазорат, таъмини хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ ва ҷараёни татбиқи барномаҳои давлатиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Дар идомаи ҷаласа О. Мардов, сардори раёсати маорифи ВМКБ, М. Зувайдуллозода, директори мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе, Н. Муқимзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор, Д. Саидӣ, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ба музокира баромада, фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2020 қаноатбахш арзёбӣ намуданд. 
Сипас, А. Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар гардондани сифати таҳсилот, омодагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои кишвар барои гузарондани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021, баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, тақвият бахшидани фаъолияти муассисаҳои таълимии тамоми зинаҳои таҳсилот, таъмини муассисаҳо бо китобҳои дарсӣ ва омӯзгорони соҳибихтисос, татбиқи амалии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, тибқи Квотаи Президентӣ қабул намудани хонандагони лаёқатманди ноҳияҳои дурдасти кишвар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва як қатор масъалаҳои дигари соҳа суханронӣ намуд. 
Дар фарҷоми ҷаласа М. Имомзода, вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, изҳор дошт, ки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарону намояндагони зерсохторҳои он ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми саъю талоши худро ба харҷ дода, Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда пешвоз хоҳанд гирифт.
 
Эҳсон ХУШВАХТОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 243
25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед