Хабарҳо
ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”
Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илм, Латофат Назирӣ, муовини вазир ва аъзои ҳакамон маросими ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон – 2020” баргузор гардид.
Нахуст, Муҳаммадюсуф Имомзода иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илм ҳамеша омода аст, ки омӯзгорони пешқадаму навовар ва эҷодкорро дастгирӣ ва меҳнати онҳоро қадр намояд. Озмун имкон дод, ки иштирокдорон таҷрибаи педагогии худро муаррифӣ карда, дар он маҳорату малакаи хешро нишон диҳанд. Ҳамзамон, Муҳаммадюсуф Имомзода аз фаъолияти ҳакамон, мутасаддиён ва намояндагони ВАО, ҷиҳати мунтазам ба нашр расондани хабару гузоришҳо дар бораи ҷараёни озмун, изҳори сипос намуд.
Баъдан, аз ҷониби ҳакамон натиҷаи озмун эълон гардид. Тибқи он, омӯзгори химияи литсейи № 3 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе Азизбек Зумратов ғолиби озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон – 2020” дониста шуд. Омӯзгори биологияи муассисаи таълимии махсусгардондашуда барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилором Ҷалолова ҷои дуюм, омӯзгори географияи мактаби президентӣ дар шаҳри Кӯлоб Некрӯз Турсунзода ва омӯзгори забони англисии литсейи Оғохон дар шаҳри Хоруғ Сайлӣ Наврӯзбекова ҷои сеюмро ба даст оварданд. Муаллими забони русии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8-и ноҳияи Шаҳринав Тоҳирҷон Холиқов бошад, барои иштироки фаъолона бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гашт.
Дар охир, Муҳаммадюсуф Имомзода ғолибонро табрик намуда, таъкид кард, ки вобаста ба истифодаи роҳу усулҳои муосири таълим дар рӯзнома ва маҷаллаҳои соҳавӣ мақолаҳо ба табъ расонанд ва ба ин васила дар беҳтар гардондани сифати таҳсилот, баланд бардоштани сатҳи дониш ва тавсеаи ҷаҳонбинии хонандагону донишҷӯён, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллию умумибашарӣ саҳми босазо гузоранд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 255