Хабарҳо
“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ниёзмандон бо ибтикори шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон як гурӯҳ ятимони кулл барои саёҳат ва истироҳат ба мавзеи сайёҳии "Сафеддара" - и ноҳияи Варзоб сафар карданд.
Дар ин сафари сайёҳӣ гурӯҳи ятимонро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Данғара ҳамроҳӣ намуданд.
Сафар дар ҳавои суруду мусиқии хотирмон ва дилхушкунанда оғоз гардид. Дар рафти сафар онҳо бо тамошои мавзеъҳои зебои кӯҳҳо болидахотир гаштаву ғизои маънавӣ бардоштанд.
Аз дидани манзараи нуқрафому дилкушо, сайругашти одамони зиёд ва сайёҳони хориҷӣ ба ваҷд омада, хурсандӣ мекарданд ва ба яхмолакбозиву барфбозӣ пардохтанд.
Сайёҳони наврас ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайваста изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки дар оянда бо эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ дар пойдории Истиқлоли давлатӣ ва рушду пешрафти минбаъдаи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.
Боиси хушнудӣ аст, ки дар доираи дастгирӣ ва ғамхориҳои доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ятимону бепарасторон ҳеҷ гоҳ худро танҳо эҳсос накарда, бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ дар фазои орому осудаи мамлакат барои ояндаи дурахшон ва зиндагии обод талош меварзанд.
Онҳо яқин медонанд, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ятимону маъюбон ва оилаҳои эҳтиёҷманди ҷомеаро танҳо намегузоранд, дар ҳаққи онҳо пайваста ғамхорӣ карда, кӯдаконро тарбия ва ба ҳаёти мустақилона мегуселонанд.
Ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба самти фароҳам овардани зиндагии шоиста ба мардум равона гардидааст ва дар ин самт дастгирии табақаи ниёзманд, аз қабили ятимону бепарасторон ва нафарони имконияташан маҳдуд авлавият дорад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 265