Хабарҳо
ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ
Соли 2020 иҷрои дурнамои содироти маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар 120 фоиз таъмин гардид.
Аз ҳудуди вилоят дар маҷмӯъ, 108 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба Россия, Қазоқистон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Покистон ва Литва содирот шуд, ки ин нишондод дар муқоиса ба соли 2019 қариб 20 ҳазор тонна зиёд аст.
Ба иттилои Носирҷон Маъмурзода, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, аз ҳаҷми зикршуда 89,4 ҳазор тоннаро пиёз ташкил дод, содироти дигар анвои маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла мева ва лимӯ 7400,9 тонна, полизӣ 63 тонна, меваи хушк ва дигар намуди сабзавот 2481,9 тонна мебошад.
Аз ҳаҷми умумии маҳсулот 22599,7 тонна тавассути нақлиёту ҳавопаймо ва 85406,5 тонна ба воситаи қатораҳои роҳи оҳан, аз ҷумла 22826,4 тоннаи он тариқи роҳи оҳани вилояти Хатлон содирот шудааст.
Дар сурати бунёди шумораи бештари марказҳои логистикӣ ва коргоҳҳои банду басти маҳсулоти тайёр ва анбору сардхонаҳо дар вилояти Хатлон, соҳибкорон мавқеи худро дар бозорҳои хориҷи кишвар мустаҳкам намуда метавонанд. Зеро фаъолияти соҳибкорӣ дар ин самт манфиатовар буда, ба рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ мусоидат мекунад.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 292