Хабарҳо
РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ
ЛОИҲАИ САРМОЯГУЗОРИИ ТЕХНОЛОГИЯИ КОРКАРДИ ФОСФОРИТҲО
Олимони Институти иқтисодиёт ва демография дар ҳамкорӣ бо олимони Институти химияи ба номи В. И. Никитини Академияи миллии илмҳои кишвар лоиҳаи сармоягузорӣ ва технологияи коркарди фосфоритҳоро (маъдане, ки дар зироаткорӣ ҳамчун нурӣ кор фармуда мешавад) аз конҳои кишвар омода менамоянд.
Бино ба иттилои дастрасшуда олимон дар озмоишгоҳҳояшон, аллакай, як миқдори чунин маводро истеҳсол намудаанд. Аммо тибқи нақша барои истеҳсоли васеи фосфорит бояд, ки корхонаи калони истеҳсолӣ сохта шавад. Дар кишвари мо нуриҳои фосфорӣ ба миқдори хеле кам истеҳсол мегарданд. Ба ин хотир ва барои қонеъ намудани талаботи соҳаи кишоварзӣ ҳамасола аз хориҷи кишвар ба маблағи беш аз 20 миллион доллар нурӣ ворид мегардад.
ЗАҲРИ МОР ҲАМ ДОРУВОР
Кормандони Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитологияи ба номи Е. Н. Павловскийи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба хотири омода намудани маводи доруӣ заҳри мор ҷамъ меоваранд.
Ба ин хотир, ҳоло дар серпентария (морхона) - и пажӯҳишгоҳ ду навъи мор – кубро ва гурзо, ки намудҳои нодир буда, ба «Китоби сурхи Тоҷикистон» дохил шудаанд, парвариш меёбад.
Собит шуда, ки ҳар ду намуди мор заҳри барои инсон марговар дорад. Аммо, бо вуҷуди ин, заҳри онҳо дар тиб барои тайёр намудани доруҳои гаронарзиш васеъ истифода мешавад. Ҳоло аз заҳри онҳо доруҳои гуногун, ба мисли «Наятокс», «Випросал», «Випраксин» омода мешаванд. Ин доруҳо барои таскин бахшидани дардҳои шадиди радикулит, ревматизм, шамолхӯрии мушакҳо истифода мегарданд. Айни замон онҳо аз хориҷи кишвар ворид мешаванд.
- Бо парвариши морҳо метавон истеҳсоли чунин доруҳоро дар дохили кишвар низ роҳандозӣ намуд. Барои ин кормандони соҳаи тиб, фармакология ва кимиё бояд, ки дар якҷоягӣ талош намоянд, - мегӯянд коршиносон.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 226