Хабарҳо
ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН
Тибқи иттилои ФФТ, дар доираи омодагиҳо ба бозии даври ҳафтуми марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон – 2022 (гурӯҳи “F”) бо мунтахаби Муғулистон, тими миллии Тоҷикистон бо дастаи Урдун ду бозии рафиқона мегузаронад.
Бозиҳо 1 ва 5-уми феврали соли равон дар Дубай доир мешаванд. Ёдовар мешавем, ки қувваозмоӣ миёни тимҳои Тоҷикистону Муғулистон 25 марти соли равон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе сурат мегирад.
КОРШИНОСИ ТОҶИК БА ӮЗБЕКИСТОН РАФТ
Ҳаким Фузайлов, мутахассиси 65-солаи тоҷик, сармураббии тими футболи «Динамо» (Самарқанд, Ӯзбекистон) таъйин гардид.
Ӯ бо ин даста барои як сол қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расондааст.
Фузайлов, қаблан, дар тими миллии Тоҷикистон, дастаҳои «Истиқлол», «Хуҷанд» ба ҳайси сармураббӣ фаъолият дошт.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 212