Хабарҳо
НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ
«АВТОБУС» БА ОЛМОН МЕРАВАД
Филми ҳаҷвии ҳунармандони тоҷик «Автобус» барои иштирок дар фестивали байналмилалии «GoEast» пешниҳод шуд.
Ин фестивал, ки аз 20 то 26 апрели соли ҷорӣ бори аввал дар шаҳри Висбадени Олмон мегузарад, беҳтарин филмҳои мамлакатҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқиро ба намоиш мегузорад.
Коргардон ва муаллифи филмномаи «Автобус» Абдулҳай Зокиров буда, он моҳи ноябри соли 2020 дар Кохи Наврӯз муаррифӣ шуда буд.
КИТОБХОНАИ БЕҲТАРИНИ СОЛИ 2020
Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ дар шаҳри Хуҷанд ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардид.
Ин озмуни муфидро маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ баргузор кард.
Ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ ва диплому ифтихорномаҳо қадр шуданд.
КОНСЕРТИ ҶАЗ ДАР ДУШАНБЕ
24 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе барномаи консертии ҷаз баргузор мегардад. Дар он хатмкунандагони Муассисаи давлатии шаҳри Москва – «Академияи ҷаз», ки аз Тоҷикистонанд, бори аввал ҳунарнамоӣ мекунанд.
Ин чорабинии фарҳангӣ дар Маркази фарҳангии «Бохтар» (Bactria Cultural Center) - и пойтахт мегузарад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 278