Хабарҳо
ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар соли 2020 ҷаласаи ҷамъбастӣ доир шуд.
Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар заминаи сиёсати муваффақонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи вилояти Хатлон рушд карда, сатҳи зиндагии сокинон баланд гардид.
Зикр рафт, ки раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар чор ҳадафи стратегии мамлакатанд, ки дар доираи ин ҳадафҳо ва дигар барномаву стратегияҳо дар вилояти Хатлон пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2016 – 2020 ва дигар барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо - ин маҷмӯи чорабиниҳо ва нақшаҳое мебошанд, ки ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва вазифаҳои умумӣ дар доираи афзалияти сатҳи миллӣ, маҳаллӣ ва соҳавӣ бо назардошти истифодаи босамари захираҳои табиӣ, моддӣ ва молиявӣ дар давраи муайян қабул шуда, татбиқи онҳо ҳатмӣ мебошад.
Бо мақсади рушди соҳаи саноат дар ҳудуди вилоят се Минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис ёфта, дар доираи қонунҳои амалкунанда ба соҳибкорону сармоягузорон афзалият дода мешавад.
Ҳамзамон, дар доираи ободонию бунёдкориҳо ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёди иншооти таъйиноти гуногун ҷараён дошта, беш аз пеш инфрасохтори вилоят беҳтар мегардад.
Соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти вилоят маҳсуб ёфта, нақши он дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, таъмини ҳифзи амнияти озуқавории аҳолӣ ва соҳаҳои саноат бо ашёи хом, афзоиши имконияти содиротии вилоят, инчунин, таъсиси ҷойҳои нави кор хеле муҳим аст.
Қоҳир Расулзода афзуд, ки истифодаи самараноки захираву имконияти мавҷуда ва таъмини пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоии вилоят, пеш аз ҳама, ба заҳмати содиқона ва азму талоши созанда, инчунин, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии ҳар сокини вилоят вобаста мебошад.
Изҳори бовар шуд, ки мардуми ватандӯст ва бонангу номуси вилояти Хатлон бо назардошти вазъи ҷаҳони имрӯза минбаъд низ бо ҳисси баланди милливу хештаншиносӣ дар ҳифзи дастовардҳои давраи соҳибистиқлолӣ, ҳимояи манфиати давлату миллати куҳанбунёди тоҷик омодаанд ва бо заҳмати содиқонаву софдилонаи худ ин гӯшаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро боз ҳам ободу пешрафта менамоянд.
Дар анҷом бо натиҷагирӣ аз рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар соли 2020 таъкид гардид, ки дар баробари дастовардҳо, дар вилоят якчанд масъалаҳои ҳалталаб ва камбудию норасоиҳо боқӣ монда, баҳри таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, коркарди пахта, сарулибоси мактабӣ ва маҳсулоти хӯрокворӣ, тақвият бахшидани тадбирҳои тарғиботию ташвиқотӣ байни аҳолӣ ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва татбиқу иҷрои саривақтии қарорҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, масъулон барои андешидани тадбирҳои таъхирнопазир вазифадор шуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 292