Хабарҳо
ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ
21 январ вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи XVII вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкориҳои Осиё (МҲО) таҳти унвони “Саёҳати нави муқаррарӣ, бехатар ва солим”, ки тариқи видеоӣ баргузор шуд, ширкат варзид.
Дар он оид ба самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи Муколамаи ҳамкориҳои Осиё табодули афкор сурат гирифт. Бо назардошти ҳамагирии коронавирус, роҳбарони ҳайатҳо ба масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи МҲО дар заминаҳои иқтисодиву тандурустӣ ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Зимни суханронӣ Сироҷиддин Муҳриддин мавқеи Тоҷикистонро дар мавриди самтҳои гуногуни ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Муколамаи ҳамкории Осиё баён кард. Дар робита ба ин, аҳамияти андешидани чораҳои зарурӣ барои вокуниши муносиби муштарак ба чолишҳо ва таҳдидҳои пайдошуда таъкид гардид.
Дар хотима санади поёнии ҷаласаи XVII вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё – Эъломияи Анкара қабул шуд.
ҚАРОРДОДИ ТАТБИҚИ МАРҲИЛАИ ДУЮМИ ЛОИҲАИ НАҚБИ «ИСТИҚЛОЛ» БА ИМЗО РАСИД
Дар пойтахти кишвар байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Фароб»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон қарордоди анҷоми марҳилаи дуюми лоиҳаи нақби «Истиқлол» ба имзо расид.
Санадро вазири нақлиёт Азим Иброҳим ва раиси ширкати «Фароб» Алӣ Вакилӣ имзо карданд.
Азим Иброҳим оид ба муносибатҳои самарабахши Тоҷикистону Эрон сухан ронда, гуфт, ки татбиқи лоиҳа, анҷоми саривақтӣ ва хушсифати кор дар нақби мазкур давоми мантиқии ҳамкории судовари ду кишвар хоҳад буд.
Дар маросими имзои қарордод сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ, муовини раиси ширкати «Тавсеаи манобеи об ва неруи Эрон» Беҳрӯзи Муродӣ, раиси ширкати «Фароб» Алӣ Вакилӣ аз ҳамкории давлатҳои дӯсту бародар ибрози назар намуданд.
Қобили зикр аст, ки дар доираи татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаи нақби «Истиқлол» корҳои равшанидиҳӣ, ҳавокашӣ, оташнишонӣ, насби дурбинҳои назоратӣ, ки барои таъмини бехатарии ҳаракати мошинҳо муҳиманд, иҷро хоҳанд шуд.
МАСОИЛИ ХИЗМАТРАСОНИИ БОСИФАТИ ТИББӢ МАТРАҲ ШУДАНД
Бо мақсади тақвияти фаъолият дар самти хизматрасонии босифати тиббӣ ва пешгирии фавти модарон ва кӯдакон таҳти раёсати муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусамадзода машварати онлайнӣ доир гашт.
Зикр шуд, ки ҳифзи саломатии модарону кӯдакон самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат маҳсуб ёфта, дар ин самт давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар якчанд ҳуҷҷатҳои муҳими байналмилалӣ, аз қабили «Созишнома дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак» (с.1993), «Созишнома дар бораи бартараф намудани ҳамаи намудҳои зӯроварӣ нисбат ба занон», эътироф шудаанд.
Чуноне иттилоъ дода мешавад, дар ҷаласа масъалаҳои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва пешгирии фавти модарон ва кӯдакон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, муовини вазир Зулфия Абдусамадзода баҳри боз ҳам таҳкиму тақвияти фаъолият дар ин самт ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 285