Хабарҳо
ТАМАЪҶӮӢ ЗАНИ 32 – СОЛАРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ ШИНОНД
Дар шаҳри Исфара нисбат ба як зани 32 – сола бо моддаи 250, қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ (тамаъҷӯӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Тавре сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ медиҳад, ин зан аз соли 2016 бо марди 32 – солаи сокини Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара шинос шуда, бо таҳдиди паҳн накардани маълумоти бадном-кунанда аз ӯ 22 ҳазору 824 сомонӣ талаб намудааст.
Дар ҳамин ҳол, 21 январи соли ҷорӣ ҳангоми гирифтани 2 ҳазору 759 сомонӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шуда, феълан ин ҳо-лат мавриди тафтишот қарор дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 514