Хабарҳо
СОХТАКОРӢ.
БОЗДОШТИ НАФАРОНЕ, КИ ҲУҶҶАТҲОИ ҚАЛБАКӢ МЕСОХТАНД
Кормандони раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои до-хилӣ Ибодулло Тоҷибоев (соли таваллудаш 1961) ва Зарифҷон Нематуллоев (соли таваллудаш 1976), сокинони ноҳияи Кӯшониё-нро бо ҷурми сохтакории ҳуҷҷатҳо дастгир намуданд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД, боздоштшудаҳо бо истифо-да аз компютер ва дастгоҳҳои чопии ранга ҳуҷҷатҳои истифодаи воси-таҳои нақлиёт, аз ҷумла полиси суғуртаи ҳатмӣ, маълумотномаи муо-инаи тиббӣ, санади аз ташхис гузаштани воситаи нақлиёт, кортҳои ташхиси диагностикӣ, расидҳои бонки БДА «Амонатбонк» оид ба пардохти андози воситаи нақлиёт ва дигар ҳуҷҷатҳоро сохтакорӣ намуда, ба ронандаҳо бар ивази маблағи муайян пешниҳод мекар-данд.
Ҳоло дар шуъбаи тафтишотии РВКД дар вилояти Хатлон нисбат ба онҳо бо моддаи 340 Кодекси ҷиноятӣ (сохтакорӣ…) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, ки ин банди қонун ҷазо дар намуди ҷарима аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ то ду солро пешбинӣ менамояд.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 207