Хабарҳо
НАШРИ КИТОБНОМАИ ШАРҲИҲОЛИИ БОҚӢ РАҲИМЗОДА
Ба хотири ошноии комил пайдо кардан бо эҷодиёти Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода, Китобхонаи миллии Тоҷикистон китобномаи шарҳиҳолии ӯро омода ва ба доираи ва-сеи хонандагон пешниҳод намуд.
Маҷмӯа дар нашриёти «ЭР-граф» чоп гардидааст. Дастур аз пешгуфтор, ду қисм ва кумакфеҳристҳо иборат мебошад. Дар қисми аввал номгӯи осори дар шакли алоҳида чопшуда ва намунаи осори дар нашрияҳои даврии чопӣ ва электронӣ интишорёфта, ҳамчунин, тарҷумаҳои Боқӣ Раҳимзода гирдоварӣ шудаанд.
Қисми дуюми дастур адабиёти марбут ба ҳаёту фаъолияти эҷодии Боқӣ Раҳимзодаро дар бар мегирад. Номгӯи асарҳо ба забони асл ва тибқи меъёрҳои стандартӣ оварда шудаанд.
Дастури мазкур маводи чопию электронии солҳои 1939 - 2020 наш-ршударо дар бар мегирад. Он дар асоси захираи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва веб-сайтҳои интернетӣ таҳия гардидааст.
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 168