Хабарҳо
ДАР МОСКВА БА ОЗМОИШИ ДРОН-ТАКСИ ШУРӮЪ НАМУДАНД
ТАСС. Дар бинои варзишгоҳи хурди маҷмааи олимпии «Луж-ники»-и Москва санҷиши таксии паррон оғоз ёфт.
«Озмоиши дрон – такси дар «Лужники» дар доираи барномаи таҷрибавии озмоишоти инноватсионӣ сурат мегирад», - гуфт муовини раиси шаҳри Москва Наталя Сергунина.
Бесарнишин ихтирои стартап «Ховер» мебошад. Мошин дар балан-дии 150 метр то 100 километр парвоз карда, дар истгоҳи муқаррарӣ фуруд меояд. Дрон барои ду нафар буда, то 300 кг бор бардошта бо суръати 200 км/с парвоз мекунад. Сергунина афзуд, ки чунин озмоиш дар Сингапур, Дубай, Ҳонконг, Сеул ва Барселона низ сурат гирифта истодааст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 402