Хабарҳо
“МЕДИАДОНО” БАРОИ НАВРАСОН.
АКНУН ДАР ТЕЛЕФОНҲОИ МОБИЛӢ
Лоиҳаи вижаи Mediasavod.tj шабакаи омӯзишии худро оид ба рушди саводи иттилоотӣ - расонаӣ ба забони тоҷикӣ дар заминаи Android бо номи “МедиаДоно” роҳандозӣ кард. Он дар асоси унсурҳои бозӣ ташаккул ёфта, аз нахустин захираҳои омӯзишӣ дар соҳаи саводи иттилоотӣ - расонаӣ ба забони тоҷикист.
“МедиаДоно” ба муштариён дар дарки беҳтари моҳияти расонаҳо, ҳаракат дар фазои иттилоотӣ, муносибати интиқодӣ ба ВАО, ташхиси иттилооти сифатнок ва боэътимод, шиносоӣ бо афкори ҷомеа ва муқовимат ба он, шеваҳои далелсанҷӣ, ёд гирифтани ҳуқуқи иттилоот ва имкони истифода аз онҳо, инчунин, шеваҳои эҷоди муҳтаво мадад мерасонад. Ба муштариёни шабака имкон фароҳам оварда шудааст, то дарсҳоро дар шакли ихтисоршуда, ё муфассал омӯхта, баъди омӯзиш аз санҷишҳои тестӣ гузаранд.
“МедиаДоно” барои телефонҳои мобилӣ дар Google:Play Market дастрас аст.
Б. БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 173