Хабарҳо
15 МЕДАЛИ ТИЛЛО ДАР ОЗМУНИ “BRICMATH-2020”
Дар даври 4 - уми Олимпиадаи байналмилалии “BRICMATH-2020” 22 хонандаи литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд ширкат варзида, соҳиби 15 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Ин сабқати фаннӣ 2 миллион хонандаро аз 7 кишвари олам ба таври фосилаваӣ фаро гирифт.
Тибқи иттилои Сурайё Неъматова, директори литсейи мазкур, дар олимпиада Сарвар Ибрагимов, Меҳрвар Раҳимов, Раҳимҷон Ибраги-мов, Абдухолиқ Тоҷибоев, Назокат Акрамӣ, Анӯшервон Каримов, Мирзоибодулло Абдуқодиров, Меъроҷ Собирзода, Абубакр Раҳимов, Наврӯзшоҳ Раҷабов, Абубакр Орипов, Баҳодур Шукуров, Самад Аҳма-дов, Мубин Фозилов ва Сулаймон Асрорӣ соҳиби медали тилло гар-диданд.
Олимпиадаи “BRICMATH-2020” омӯзиши фанҳои дақиқ, аз ҷумла риёзӣ ва рушди тафаккури мантиқиро, ҳадафи асосии худ қарор дода-аст.
Б. БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 171