Хабарҳо
ТАҒЙИРЁБИИ ПИРЯХҲО
Таҳқиқоти мутахассисон нишон дод, ки пиряхҳои кишвар бар асари тағйирёбии иқлим дигаргун шуда, забонаи баъзе аз онҳо то 5 километр қафо рафтааст.
Корҳои омӯзишии дар ин самт анҷомёфта нишон доданд, ки соли 2020 бо сабаби гарм шудани ҳаво дар болои пиряхи Баралмос ҳавзҳои нав пайдо шудааст. Пайдо шудани ҳавзҳо сабаб гардид, ки пирях дар соли 2020 се маротиба канда шавад. Ин дар ҳолест, ки пиряхи мазкур дар 10 сол як маротиба канда мешуд.
Пиряхҳои Майхура - Зиддӣ, Якарчаи минтақаи Варзоб низ нисбат ба солҳои пешин зиёдтар коҳиш ёфта, раванди мазкур идома дорад.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 611