logo

Хабарҳо

КАМЕНСК – УРАЛСК. ЯК ВОХӮРИИ МУҲИМ БО МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ

 
Шаҳри Каменск-Уралск ҳудуди 200 ҳазор нафар аҳолӣ дошта, сеюмин шаҳри калони вилояти Свердловск ба ҳисоб меравад ва зиёда аз 100 оилаи тоҷик дар он муқим шудаанд. Шумораи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба шаҳри Каменск-Уралск ҳамасола барои кору фаъолияти мавсимии меҳнатӣ меоянд, зиёда аз 1500 нафарро ташкил медиҳад. 
 
Дар баробари боз даҳҳо омилҳои мусбати ин шаҳри муҳоҷирнишин баъзе аз мушкилоти муҳоҷирони тоҷик ҳанӯз ҳам ҳалношуда боқӣ мондаанд. Аз ин лиҳоз, кормандони Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов ва узви  фаъоли  Шӯрои ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқуб Умаров ба шаҳри Каменск-Уралски  вилояти Свердловск сафари корӣ анҷом доданд. 
Нахустин дидор ва суҳбати корӣ бо муҳоҷирон тавассути кӯшиши фаъоли маҳаллии ҷамъиятӣ Шодибек Музаффаров бо мақсади ошноӣ аз вазъи муҳоҷирони  меҳнатии дар ин шаҳр кору фаъолиятдошта вохӯрӣ доир шуд.  Бо  ҷамъомадагон  перомуни Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, дастовардҳои иқтисодӣ - сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарурати риояи қонунгузории муҳоҷиратии  кишвари иқомат, эҳтиром ба урфу одат ва анъанаҳои мардуми маҳаллӣ, роҳ надодан ба ҳолатҳои гаравиши шаҳрвандон ба равияву ҷараёнҳои ифротӣ, тундрав ва созмонҳои террористиву экстремистӣ, пешгирии ҳолатҳои ҷамъшавии беасоси муҳоҷирон баъди адои намоз дар масҷидҳо, дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ҳамроҳ нашудан ба баҳсҳои бебунёди аъзои ташкилотҳои террористиву экстремистии ҲНИ ва “Гурӯҳи 24”  суҳбати  озод  сурат  гирифт.
Дар вохӯрӣ иштирокдорон дар хусуси дуруст намудани баъзе ҳуҷҷатҳои будубош, тарзи дастрас намудани шиноснома ва дигар асноди лозимӣ аз Консулгарии генералӣ, роҳҳои қонунии овардани хешовандону шиносҳояшон ба қаламрави Россия дар давраи баста будани сарҳадҳо ва дигар мушкилиҳои соҳаи муҳоҷират суол намуданд. Ба ин суҳбатҳо  роҳбари ширкати сохтмонии ООО "Спецдом" Адил Фикир-агли Бабаев ҳамроҳ шуда, иброз дошт, ки дар ин ширкат шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле зиёд кору фаъолият мекунанд ва дар навбати худ, ӯ низ бо онҳо дар бораи зарурати риояи қонунгузорӣ ва дурӣ ҷустан аз ҳар гуна ташкилоту гурӯҳҳои шубҳанок пайваста мулоқотҳои судманд доир мекунад.
Муайян гардид, ки дар шаҳри Каменск-Уралск зиёда аз 10 табиб аз ҳисоби тоҷикон дар беморхонаҳои шаҳр кор мекунанд. Дар беморхонаи марказии он роҳбарони бахшҳои эҳёгарӣ, терапевтӣ ва шикастабандӣ зодагони Тоҷикистон мебошанд. Тавассути фаъолони ҷамъиятӣ ба таваҷҷуҳи табибони тоҷик расонда шуд, ки дар чорабиниҳои расмии сохторҳои бурунмарзии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри  Екатеринбург иштироки фаъол дошта бошанд.
Дар масҷиди марказии ин шаҳр, ки дар рӯзҳои ҷумъа ҳудуди 40-50 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намозгузорӣ меояд, ба гуфтаи имомхатибаш Элдар Сафин, дар доираи Барномаи муқовимат ба терроризм доиман бо намозгузорон суҳбатҳои тарбиявию фаҳмондадиҳӣ гузаронда шуда, барои муҳоҷирони меҳнатӣ китобчаи роҳнамо (“Памятка трудовому мигранту”) тақдим мегардад. Нусхаҳои ин китобча дар масҷиди мазкур дар ҷойи дастрас гузошта шуда, ҳамаи намозгузорон ихтиёран аз онҳо истифода мебаранд. Дар  китобчаи роҳнамо барои муҳоҷирони меҳнатии ин шаҳр дар хусуси чӣ гуна рафтору амал кардан дар ҳолати ба мушкилӣ дучор шудан маълумоти мушаххас оварда шудааст.
 
Фарҳод МИРҶАМОЛОВ,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон,
шаҳри Екатеринбург


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 170
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед