Хабарҳо
ӮЗБЕКИСТОН ВА КОРЕЯ ҲАМКОРИРО ДАР СОҲАИ МАОРИФ ТАҚВИЯТ МЕБАХШАНД
SNG Today. Намояндаҳои Корея ба Ӯзбекистон роботҳои баақли Albert ва Genibot-ро супурданд. Онҳо, махсусан барои инкишофи саводи кӯдакон дар соҳаҳои барномасозӣ ва беҳтар намудани навовариҳояшон равона мегарданд. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати муассисаҳои томактабии Ӯзбекистон иттилоъ додааст.
Дар маросими супурдани роботҳо намояндагони вазоратҳои томактабии ҳар ду давлат, Институти рушди Ҷумҳурии Корея, муассисаи KIRIA, Ассотсиатсияи омӯзгорони Корея, кормандони ширкатҳои FRG Korea, Dazzle Edu, Genie Robot ва SK Telecom ширкат варзиданд. Ҳамтоёни кореягӣ ба ассотсиатсияҳои Ӯзбекистон 275 робот ва 350 асбоби таълимӣ тақдим намуданд.
РУШДИ УСТУВОРИ МУНОСИБАТҲОИ РОССИЯ ВА ИТАЛИЯ
Известия. Сафири фавқу-лода ва мухтори ФР дар Италия ва Сан-Марино Сергей Разов рушди устувори муносибатҳои ду кишварро таъкид намуда, ба вазъи ногувор дучор омадани Италия ҳангоми пандемияи коронавирус дар соли 2020 ишора кард.
Дипломат ёдовар гашт, ки Италия яке аз нахустин кишварҳои Аврупо буд, ки бар иллати сар задани инфексияи коронавирус гирифтори буҳрони сангин шуд. Вобаста ба ин, Разов зикр намуд, ки бо супориши Президенти ФР Владимир Путин табибони ҳарбии рус якҷо бо ҳамтоёни итолиявӣ 46 рӯз дар минтақаҳои душвори шимоли Италия алайҳи пандемияи коронавирус фидокорона мубориза бурданд.
СҶТ: «КОРОНАВИРУС АЗ ЛАБОРАТОРИЯИ УХАН САР НАЗАДААСТ»
РБК. Коронавирус ба дунё аз лабораторияи Ухан паҳн нашудааст. Дар ин бора изҳороти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба табъ расид, - хабар медиҳад To Day News Ufa.
Гурӯҳи байналмилалии олимон аз СҶТ, ки барои омӯзиши аз куҷо сар задани пандемияи коронавирус чанд ҳафта дар Чин қарор дошт, ба чунин хулоса омад.
Таҳқиқотҳои охирин нишон доданд, ки он аз лаборатория ихроҷ нашудааст. Мутахассисони СҶТ муътақиданд, ки ин вирус ба инсон аз ҳайвон гузашт. Вале, онҳо то ҳанӯз намедонанд, ки аввалин паҳнкунандаи вирус кадом ҳайвон буд. Баъзе аз коршиносон бошанд, мепиндоранд, ки COVID – 19 аз хӯрокҳои яхкардашуда паҳн шудааст. Алҳол гурӯҳи СҶТ якҷо бо мутахассисони чинӣ бозори Хуанан дар Уханро, ки нахустин ҳолатҳои сироятёбии одамон дар он ҷо ба қайд гирифта шуд, амиқан меомӯзанд.
КИШОВАРЗОНИ РОССИЯ БА МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ НИЁЗ ДОРАНД
РБК. Муовини раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Виктория Абрамченко ба вазоратҳои кишоварзӣ, меҳнат ва корҳои дохилӣ супориш дод, ки масъалаи ҷалби муҳоҷиронро барои корҳои мавсимии хоҷагии қишлоқ дар соли равон биомӯзанд.
Чуноне иттилоъ дода мешавад, муовини аввали вазири кишоварзӣ Ҷамбулат Хатуов ба муовини раиси Ҳукумат муроҷиат намуда, хоҳиш кардааст, ки ба таври истисно марзро барои коргарони соҳибтаҷрибаи хориҷӣ боз намоянд. Ӯ ёдовар шуд, ки бино бо сабаби як қатор равандҳо, хоҷагии қишлоқ ба ҷалби иловагии қувваи корӣ ниёз дорад. Алҳол дар музофотҳо 38,2 ҳазор коргар намерасад. Тибқи шикояти баъзе кишоварзон, сокинони маҳаллӣ дар саҳро кор кардан намехоҳанд, ҳол он ки дар муқоиса бо муҳоҷирони ӯзбекистонӣ ва тоҷикистонӣ донишу таҷрибаи зарурӣ надоранд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 161