logo

илм

ИЛМ. ЗАНОН УСТУВОРОНА ГОМ МЕНИҲАНД

Фаъолияти илмии занони кишвар имрӯз беназир арзёбӣ мегардад. Онҳо  дар ин самт ҳам устуворона ба пеш гом мениҳанд. Аз муосиртарин технологияҳо бохабаранд ва аз илм иҷтиноб намекунанд. Ин аст, ки дастовардҳои илмиашон на танҳо дар кишвар, балки дар сатҳи ҷаҳон пазируфта шудаанд. Ин нукта дар конференсияи  ҷумҳуриявии «Саҳми занон дар рушди илм», ки дар Академияи миллии илмҳо доир шуд, зикр гардид.
 
Конфронс, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳо роҳандозӣ шуд, шумораи зиёди занони донишманди кишварро ба ҳам овард. Дар он, ҳамчунин, Муҳаммадӣ Сафолзода, мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Дилрабо Мансурӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олӣ, Диана Исмоилова, намояндаи дафтари СММ - занон  дар Тоҷикистон ширкат доштанд. Ба кори конфронс Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила ҳусни оғоз бахшид: «Конфронси мазкур соли ҳаштум аст, ки баргузор мегардад. Ҳадафи он татбиқи сиёсати Ҳукумати кишвар дар самти фаъол намудани нақши занон дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи дониши онҳо, татбиқи баробарии гендерӣ, мусоидат дар самти таҳқиқу пажӯҳиш мебошад. Дар кори он ҳамасола занони донишманд ширкат намуда, дастовардҳои илмиашонро муаррифӣ менамоянд». 
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳо, нақши занонро дар рушди илмҳои таърих, фалсафа, сиёсатшиносӣ, забон ва адабиёт хуб арзёбӣ намуд. «Саҳми бонувони тоҷик дар рушди  астрофизика низ шоёни таҳсин аст. Онҳо астероидҳоеро, ки эҳтимоли ба замин бархӯрдан доранд,  пайваста мушоҳида менамоянду меомӯзанд. Натиҷаҳое, ки дар ин самти илм ба даст овардаанд, дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудааст.
Дар Хадамоти геофизикӣ, ки мониторинги доимии заминларзаҳоро дар кишвар ва давлатҳои ҳамсоя ба роҳ мондааст, 90 дарсади кормандон занон мебошанд. Онҳо дар қаламрави Тоҷикистон соли 2020 - ум 26 ҳазор заминларзаро ба қайд гирифта, дар ин бора ҳам ба мақомоти дахлдор ва ҳам ба мардум иттилоъ доданд, - гуфт Фарҳод Раҳимӣ.
Саҳми занон дар омӯзиши нурҳои кайҳонӣ низ  назаррас арзёбӣ  шуд. Зикр гардид, ки олимбонуҳои тоҷик дар марказҳои илмии бузурги  ҷаҳонӣ дар Россия, Белорусия ва кишварҳои Аврупо  таҳсил намуда, ҳоло дар кишвар корҳои илмӣ - тадқиқотӣ анҷом медиҳанд.
Мансурӣ Дилрабо, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар дар суханронии худ аз дастгирии занон дар сатҳи Ҳукумат ёдовар шуд. Ӯ,  аз ҷумла гуфт: «Ҳукумати кишвар дар ин самт пайваста тадбирҳои судманд роҳандозӣ менамояд. Дар Тоҷикистон аз лиҳози қонунгузорӣ барои рушди маърифати илмиву фарҳангӣ,  сиёсиву ҳуқуқии занон  шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар парлумони кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ  қабул шудаанд, ки татбиқи онҳо ба рушди самтҳои гуногуни илм ва фаъолияти занон такон  бахшид».
Дар охир, як зумра занони донишманд барои силсилаи корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ бо сипосномаи раёсати Академияи миллии илмҳо қадр шуданд.  
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.02.2021    №: 32    Мутолиа карданд: 163
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед