logo

Хабарҳо

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ЗУЛФИЯ ДАВЛАТЗОДА: "23 КЛУБ ДАР ҲОЛАТИ САДАМАВӢ ҚАРОР ДОРАД"

Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги кишвар, зимни нишасти матбуотӣ ба саволи хабарнигори рӯзнома дар бораи солҳо аз хизматрасонии муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ бебаҳра мондани мардуми деҳот посух гуфт. 
Аз ҷумла зикр кард, ки клубҳои деҳот  ҳоло бештарашон дар ҳолати валангор ва ҳатто садамавӣ қарор доранд. Ҳалли ин мушкил кори саҳлу осон нест. Аммо барои бартараф намудани он вазорат якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо чораҳои зарурӣ меандешад.
Дар робита ба ин масъала, таъкид шуд, ки муассисаҳои мазкур дар тавозуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мебошанд. Ислоҳи шикастурехти бинои муассисаҳо низ ба дӯши онҳост. Вазорат дар ин самт вазифадор аст, ки фаъолияти ин муассисаҳоро  ба замон мутобиқ созад, барои пешрафти соҳа дастуру роҳнамо омода ва ҷиҳати боло бурдани сатҳи тахассусии кормандон семинарҳо гузаронад.
Зимнан, ҳоло аз 395 муассисаи клубии кишвар 23-тои он дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 83-тои дигар ба таъмири ҷиддӣ ниёз дорад. 
Нарасидани мутахассисон дар соҳаи мусиқии касбӣ аз мушкили дигари соҳа арзёбӣ шуд. 
- Оид ба хусусигардонии иншооти фарҳангӣ, сертификаткунонии қитъаҳои  замини тобеи ин муассисаҳо низ  тадбирҳои иловагӣ бояд андешид, - гуфт Зулфия Давлатзода.
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
 
 
 
ТАШРИФИ САЙЁҲОН 72 ДАРСАД КАМ ГАРДИД
Мутаассифона, бо таъсири манфии бемории коронавирус, ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифт, соҳаи сайёҳӣ хисороти зиёд дид. Тоҷикистон ҳам аз ин раванд дар канор намонд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, порсол ба кишвар 350 ҳазор сайёҳ ташриф овард, ки нисбат ба соли 2019 - ум 72,2 дарсад кам мебошад.
Ин матлабро Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти ин ниҳод дар соли гузашта иброз дошт.
Тибқи арзёбиҳои мақомоти омор ва Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, даромади соҳа то давраи беморӣ тақрибан 2,5 дарсад (дар доираи 230-250 миллион доллари ИМА) - и ММД -ро ташкил медод. Соли 2020 ин рақам хеле кам шуда, тахминан ба 72,6 миллион доллари ИМА баробар гардид, ки қариб 1 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро дар бар мегирад.  
Таъсири пандемия, пеш аз ҳама, ба кори меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, муассисаҳои хӯроки умумӣ ва, ҳатто, ба ҳунарҳои мардумӣ расид. Мутаассифона, нафарони зиёде, ки дар соҳаи сайёҳӣ фаъолият доштанд, бекор монданд. Мо мекӯшем, ки бо ҳар роҳу восита ин самти муҳимро боз дубора эҳё ва рушд диҳем. Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷиҳати сазовор ҷамъбаст намудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тасмим гирифтааст, ки муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ, беҳтар гардидани симои сайёҳии Ватанамон дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори онро боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ монад.
 
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
 
 
 
БОҒҲОИ КОЛЛЕКСИОНИИ ПИСТА БУНЁД МЕГАРДАНД
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо Хадамоти ҷангали Ҷумҳурии Корея дар мамлакат омӯзиши генофонд ва бунёди боғҳои коллексионии писта, таҷрибаҳо оид ба бунёди саксаулзор ва коридани тухмии саксаули сиёҳ ва сафед мегузаронад. Дар ин бора Абдуҷаббор Юсуфзода, директори Агентии хоҷагии ҷангал, иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, пистазор дар майдони беш аз 30 гектар доман густурда, навъҳои гуногуни он аз  Туркия ва Эрон дастрас гардиданд. Иқдоми мазкур ҷиҳати рушди пистапарварӣ дар кишвар, ки даромади зиёд дорад, равона мегардад. 
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”
 
 
 
МД "ТОҶИКФИЛМ". АЗ ТАЪСИСИ КИТОБХОНА ТО НАВСОЗИИ КИНОТЕАТР
Соли гузашта яке аз дастовардҳои муассиса, ин таъмиру таҷдид ва ба замон мутобиқ сохтани кинотеатри назди муассиса ба ҳисоб меравад, ки ба номи коргардони маъруфи тоҷик Тоҳир Собиров гузошта шуд. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён иброз намуд.
Таъкид гардид, ки соли сипаришуда, дар баробари таҳия ва наворбардории филмҳои ҳунарӣ, бадеии кӯтоҳ, мустанад ва тасвирӣ, ҳамзамон, корҳои ободонӣ анҷом ёфтанд. Аз ҷумла, шуъбаҳои дубляжу садобардорӣ, ҳуҷраи пардозгарӣ ва толори мактаби синамонигорони ҷавон «Навомӯз» таъмиру таҷдид шуданд.
Инчунин, таъсиси мукофоти соҳавии Аълочии кинематографияи тоҷик, нашри маҷаллаи «Кино», ташкили китобхона бо номи «Куруши Кабир» дастовардҳои дигари муассиса арзёбӣ гардиданд.
 
Комрон САФАР, «Ҷумҳурият»
 
 
ДОНИШКАДАИ ФАРҲАНГ ВА САНЪАТ.  НУФУЗИ МУАССИСА БОЛО МЕРАВАД
Муҳриддин Низомӣ, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар факултети режиссёрӣ, кино ва телевизион кафедраи «Технологияи кино ва телевизион» таъсис ёфт, ки аз ихтисосҳои «ВЕБ-журналистика», «PR-робита бо ҷомеа» ва «Кинотелеоператор» иборат аст ва соли хониши 2021 – 2022 қабул ба онҳо ба роҳ монда мешавад.
- Айни замон дар донишкада 2 лоиҳаи грантии Бонки ҷаҳонӣ амалӣ мегардад. Дар ин замина, шурӯъ аз соли 2021 студияи таълимии сабти барномаҳои телевизионӣ ва маркази забономӯзӣ барои журналистон ба фаъолият оғоз кард, ки бо муосиртарин техникаву технология ва интернети баландсуръат муҷаҳҳазанд, - гуфт Муҳриддин Низомӣ.
Муҳимтарин дастоварди донишҷӯёни муассиса, комёбии онҳо дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» мебошад. Дар озмуни мазкур толибилмони муассиса сазовори шоҳҷоиза, чор ҷои аввал, ду ҷои дувуму ду ҷои сеюм шуданд.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 187
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед