Хабарҳо
Навидҳои фарҳанг
ЛЕВАКАНТ
Осорхонаи Пешвои миллат бунёд меёбад
Дар литсейи касбӣ - саноатии кимиёвии шаҳри Левакант Осорхонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил мегардад. Бо ин мақсад муассиса мавриди навсозӣ қарор гирифт.
Бояд тазаккур дод, ки Сарвари давлат охири солҳои 60 - уми асри гузашта дар омӯзишгоҳи касбию техникии № 40 шаҳри Калининобод (ҳоло Левакант) таҳсил намудаанд. Аз ин рӯ, аёнияти таълимии замони таҳсили Президенти мамлакат дар таълимгоҳ ҷамъоварӣ гардида, дар осорхона маҳфуз дошта мешаванд.
Бинои литсей бояд дар шакли меъмории замони шӯравӣ ороиш ёбад. Муассисаи мазкур соли 1967 таъсис ёфта, масоҳати умумии он бо ошхонаю майдончаи варзиш ва дигар иншооти ёрирасон 5 гектарро ташкил медиҳад.
ШОИРИ ТОҶИК МЕДАЛИ «ИВАН БУНИН» ГИРИФТ
Бо қарори Президиуми Иттифоқи нависандагони Россия шоир, журналист ва тарҷумони тоҷик Карим Ҳайдар, ки ба ҷоизаи муътабари адабии Россия- «Шоири сол» пешбарӣ шуда буд, бо медали «Иван Бунин» қадр гардид.
Ҷоизаи мазкур ба муносибати 150 - умин солгарди Иван Бунин, нахустин барандаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт таъсис ёфтааст. Ин медал ба ҷуз аз номзадони ҷоизаи «Шоири сол», инчунин, ба шахсоне дода мешавад, ки дар рушду тарғиби адабиёти рус саҳми назаррас доранд.
Маросими супурдани медалҳо дар шаҳри Москва 21 марти соли 2021 ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии шеър доир мешавад.
«ДОНИШҶӮИ СОЛ - 2021» БЕҲТАРИНҲОРО БА ОЗМУН МЕХОНАД
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол - 2021» - ро эълон намуд.
Ин озмун бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии донишҷӯён дар илмомӯзӣ, ифтихори миллӣ ва маърифатнокии онҳо роҳандозӣ шуда, дар он донишҷӯёни курсҳои 2, 3 ва 4, ки танҳо бо баҳои аъло таҳсил мекунанд, ҳуқуқи иштирок доранд.
Озмун дар ду давр баргузор шуда, ғолибон дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон - 23 май қадр мешаванд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 136