Хабарҳо
ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ
Соли гузашта дар вилояти Хатлон ба маблағи 16 миллиарду 985,3 сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуд, ки нисбат ба соли 2019-ум 1 миллиарду 480 миллион сомонӣ зиёд аст.
Ҳамзамон, дар ин давра 999 гектар боғи анъанавӣ, 194 гектар токзор, 28,5 гектар боғи интенсивӣ, 19,3 гектар ситрусӣ бунёд ёфта, 422,2 гектар боғу токзори куҳна барқарор гардиданд.
Заҳматкашони вилоят аз майдони 327 гектар лимӯ 6 ҳазору 321 тонна ҳосил ҷамъ оварданд.
Илова бар ин, чорводорони вилоят 172 ҳазору 445 тонна гӯшт, 515,2 ҳазор тонна шир, 102,7 миллион дона тухм, 5 ҳазору 465 тонна пашм, 1066,9 тонна асал ва 2 ҳазору 551 тонна моҳӣ истеҳсол карданд.
Ба хориҷи кишвар беш аз 108 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ фурӯхта шуд, ки 120 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Дар ин бора ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар доданд.
Муҳаммад САИДВАЛИЕВ,
коромӯз
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 137