logo

Хабарҳо

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Дар бинои ҶСК «Равшан» («Зари Тоҷик»)-и шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг», ки аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон – Суғду Хатлон, Бадахшон ва шаҳри Душанбе ташриф оварда буданд, доир гардид. Дар он муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода, роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар алоқамандон ширкат варзиданд.
Чорабинӣ бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳо, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ созмон дода шуда, ҳадаф аз он эҳё ва тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ, хусусан таҳияи маҳсулоти ороишӣ аз санг, дарёфти чеҳраҳои нави ҳунарманд, ташкили ҷойҳои кор ва, ба ин васила, рушду равнақи соҳаи сайёҳӣ мебошад.
Тазаккур дода шуд, ки  аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, хоса бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуданд.
Баргузории чунин чорабиниҳо имкон медиҳанд, ки ҳунармандон маҳсулоти беҳтаринро пешниҳоди харидорон ва  сайёҳон гардонанд. Тарғибу ташвиқи ин гуна ҳунарҳо саривақтӣ буда, метавон онҳоро ҳамчун армуғони беҳтарини миллӣ ба сайёҳони хориҷӣ муаррифӣ намуд. 
Зимни натиҷагирии озмун, Корхонаи истеҳсоли сангҳои ороишӣ «Рухом»-и шаҳри Душанбе дар номинатсияи корхонаи истеҳсолӣ, Ғолибҷон Усмонов аз шаҳри Хуҷанд дар номинатсияи ҳунарманди касбӣ, Абдолбек Қурбонбеков аз ноҳияи Шуғнон дар номинатсияи ҳунарманд сазовори ҷойи аввал дониста шуданд. Ғолибон аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ бо диплому сипоснома ва туҳфаҳои арзишманд сарфароз гардиданд.
Ҳамзамон, барои иштироки фаъол дар озмун ҶДММ «Карон Калсит»-и ноҳияи Дарвоз, Манучеҳр Саидов аз шаҳри Душанбе, Саймоҳ Мирзоева аз ноҳияи Кӯшониён, Вазорати фарҳанг, Академияи мусаввирон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи дизайнерон, Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн ва дигар шарикон бо сипосномаи Кумитаи рушди сайёҳӣ мушарраф гаштанд. 
 
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 143
25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед