logo

Хабарҳо

ҶАҲОН

ПУТИН ШИОРИ «РОССИЯ БАРОИ РУСҲО»-РО ИНТИҚОД НАМУД
АИР «Новости». Президенти ФР Владимир Путин дар вохӯрӣ бо роҳбарони фраксияҳои Думаи давлатӣ, ки тариқи видеоконференсия сурат гирифт, изҳор дошт, ки шиори «Россия  барои русҳо» танҳо ва танҳо ба русҳо зарар меоварад.
Ба гуфтаи Сарвари Россия, миллатгароӣ ба манфиати русҳо нест, аз ин лиҳоз, ҷиҳати ҳифзи гуногунмиллатии кишвар намояндагони ҳар қавму халқият бояд дастгирию ғамхориро эҳсос намоянд.
 
 
ЭНТОНИ БЛИНКЕН: «ИМА БО РОССИЯ ХОСТОРИ МУНОСИБАТҲОИ НЕК АСТ»
ТАСС. Бино ба гуфтаи Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Энтони Блинкен, Вашингтон ва Москва метавонанд дар соҳаҳои барои ҳар ду кишвар манфиатовар ҳамкорӣ намоянд.
- Аз ҷумла, мо зуд тавонистем Шартнома оид ба коҳишдиҳӣ ва маҳдудсозии силоҳҳои стратегии ба ҳуҷум нигарондашуда (ДСНВ)-ро ба муҳлати панҷ сол тамдид кунем, зеро он барои Россияю ИМА ниҳоят муҳим буд. Ба ин хотир, мо баҳри беҳтар намудани муносибатҳои стратегӣ бо Россия аз дигар имкониятҳо низ истифода мебарем,-таъкид намуд Энтони Блинкен. 
 
 
ДАР ҶАҲОН ШУМОРАИ СИРОЯТЁБӢ БА COVID-19 КАМ МЕШАВАД
ТАСС. Тибқи  изҳороти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар олам ҳафтаи панҷум аст, ки шумораи мубталошавӣ ба коронавирус коҳиш меёбад. Аммо, дар ҳамин ҳол, теъдоди кишварҳое, ки дар онҳо мутатсияҳои нави COVID – 19 ошкор мешаванд, меафзояд.
Ба гуфтаи намояндагони созмон, ҳафтаи гузашта 2,7 миллион нафар гирифтори бемории коронавирус шуд, ки нисбат ба ҳафтаи қаблӣ 16 дарсад камтар мебошад. Ҳамчунин, теъдоди фавтидагон низ аз ҳафтаи пештар дида 10 дарсад кам гардид ва ҳамагӣ 81 ҳазор касро ташкил дод.
 
 
ПРЕЗИДЕНТИ МИСР: «САТҲИ ТАВАЛЛУДРО БОЯД БА НИЗОМ ДАРОВАРД»
«Известия». Президенти Миср Абдулфаттоҳ ас-Сиси изҳор доштааст, ки бояд сатҳи таваллудро дар кишвар ба низом даровард, зеро аҳолии мамлакат сол ба сол меафзояд.
Сарвари давлат мутмаин аст, ки барои як хонавода ду кӯдак кофист. Чун сатҳи баланди таваллуд ба вазъи иҷтимоии давлат таъсири манфӣ мерасонад, шароити зиндагии мардум беҳтар намешавад. 
Айни замон аҳолии Миср бештар аз 101 миллион нафарро ташкил медиҳад ва аз рӯи ин нишондиҳанда миёни кишварҳои арабӣ дар мақоми аввал меистад. Ҳар сол аҳолӣ 2,4 миллион нафар меафзояд, аз ин рӯ, ҳукуматдорони мамлакат мехоҳанд ин нишондодро ба 400 ҳазор нафар расонанд.
 
 
ХАДАМОТҲОИ МАХСУСИ ФР 19 ТЕРРОРИСТРО ДАСТГИР НАМУДАНД
АИР «Новости». Чуноне Хадамоти федералии бехатарии Федератсияи Россия иттилоъ медиҳад, кормандони хадамотҳои махсус дар ҷануби  кишвар 19 нафарро бо иттиҳоми кӯшиши содирсозии амалиёти террористӣ дар Қафқози Шимолӣ дастгир карданд. 
Зикр мегардад, ки боздоштшудагон аъзои созмони «Ат-Такфир вал- Ҳиҷра (мамнӯъ дар Россия) мебошанд. 
Мувофиқи маъ-лумотҳо, зимни амалиёти дастгиркунӣ, аз ҷинояткорон пулемёти дастии Калашников (РПК), автомати такмилёфтаи Калашников (АКМ), тирҳо, маводҳои худсохти тарканда ва амсоли инҳо мусодира гардиданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 131
25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед