Хабарҳо
ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!
Мубориза ва пешгирии бемориҳои сироятӣ самти асосии фаъолияти соҳаи тандурустист. Пешгирии бемориҳои сироятӣ бо истифода аз ваксинаҳо хеле самаранок ва нисбатан арзон буда, бо ин роҳ сатҳи бемориҳои сироятӣ паст карда мешавад.
Ба ин хотир, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 15 то 20 феврали соли 2021 Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ зидди бемории фалаҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон байни кӯдакони таваллудашон аз 1 январи соли 2016 то 31 январи соли 2018 бо истифода аз ваксинаи ғайрифаъолкардашудаи зидди бемории фалаҷ (ИПВ) гузаронда мешавад. Бо мақсади баргузории чорабинии мазкур, дар кишвар 2110 бригадаи иммунизатсионӣ ташкил шудааст, ки дар рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ дар муассисаҳои шабакаи ёрии аввалияи тиббию санитарӣ, кӯдакистонҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои фаро гирифтани гурӯҳҳои мақсаднок ба иммунизатсия фаъолият мебаранд.
- Қатъи назар аз дастовардҳо дар самти коҳиш додани хатари паҳншавии бемориҳои ба воситаи иммунизатсия идорашаванда бадастомада, то ҳол аксари кӯдакон аз муҳофизате, ки ваксинаҳо таъмин мекунанд, баҳра намебаранд. Кӯшишҳои иловагӣ лозиманд, то фазои холие, ки дар иммунизатсия мавҷуд аст, пур карда шавад ва ягон кас бе фарогирии иммунизатсия боқӣ намонад, - изҳор дошт С. Ализода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бо сари вақт гузарондани иммунизатсия кӯдакатонро аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории фалаҷ, муҳофизат менамоед. Бо дасткашиву саркашӣ аз иммунизатсия саломатӣ ва ҳаёти тифлонро зери хатар нагузоред!
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 147