Хабарҳо
«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК
- Имрӯз санъатшиносӣ қисми таркибӣ ва яке аз бахшҳои афзалиятноки илмҳои гуманитарии ҷаҳон ба шумор меравад. Ин илм номгӯи зиёди фанҳои ҷамъиятиро фаро мегирад ва дар он, асосан, фарҳанги маънавии ҷомеа, аз ҷумла кулли ҳунарҳои бадеӣ (театр, мусиқӣ, адабиёт, драматургия, санъати тасвирӣ, хореография, меъморӣ, муҷассамасозӣ, дизайн ва монанди инҳо), мавриди омӯзиш ва таҳқиқи тахассусӣ қарор мегиранд. Дар ин росто, маҷаллаи илмӣ - назариявии «Санъатшиносӣ», ки тамоми соҳаҳои санъатро мавриди пажӯҳиш қарор медиҳад, нақши муҳим мегузорад.
Ин нуктаро Аслиддин Низомӣ, доктори илми санъатшиносӣ, мудири шуъбаи санъатшиносии АМИТ, зимни рӯнамоии шумораи навбатии маҷаллаи навтаъсиси «Санъатшиносӣ», ки дар Академияи миллии илмҳо доир гардид, зикр намуд. Дар кори рӯнамоии маҷалла як зумра фарҳангиёни кишвар, аз ҷумла Сабзалӣ Шарифов, рассоми маъруф, Наргис Ҳамидова, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, драматург Ҷумъа Қуддус ширкат намуда, андешаҳояшонро перомуни матлабҳои дар маҷалла нашршуда иброз доштанд.
Маҷаллаи мазкур, ки ҳадафи аслиаш омӯзиши масоили таърихию назариявии намудҳои мухталифи санъати миллӣ мебошад, барои боз ҳам амиқтар дарк намудани мазмуну мундариҷа ва нозукиҳои бадеиву осори ҳунарӣ кумак мерасонад. Хонандагони он тавассути мутолиаи матолиби маҷалла бо бузургтарин падидаҳои ҳунар ошно хоҳанд шуд.
Зикр шуд, ки дар шумораи навбатии маҷалла матлаби Александр Ҷумъаев, яке аз мусиқишиносони маъруфи Ӯзбекистон, дар бораи таърихи созшиносии Тоҷикистону Ӯзбекистон нашр шудааст. Дар матлаб сухан атрофи барбат - қадимтарин созе, ки дар дунё бо номи уд маъруф аст, иттилои дақиқ оварда шудааст. Муаллиф дар мақолаи худ бори аввал собит намуда, ки уд ва тамоми созҳои ба он монанд, ки имрӯз дар соири кишварҳо маъмуланд, ватанашон Тоҷикистон мебошад.
Матлабҳои дигари маҷалла, ки атрофи санъати рассомӣ, асарҳои телевизионӣ, ҳунари овозхонӣ ва анвои он нақл мекунанд, ҳар кадом таҳқиқоти пурра маҳсуб меёбанд.
Аслиддин Низомӣ гуфт, ки маҷаллаи мазкур дар муассисаҳои таҳсилоти олие, ки аз рӯи ихтисоси санъатшиносӣ мутахассис омода менамоянд, китобхонаҳо ва дигар идораҳои соҳавӣ паҳн мегардад.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 158