Хабарҳо
ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 28-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли равон қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид. Дар доираи он аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши пойтахт нақша-чорабиниҳои Фестивали дӯстии афсарону сарбозони пойтахт таҳти унвони «Барои давлату миллатам содиқона хизмат мекунам!» ташкил шуда, давоми 7 рӯз аз 17 то 23 феврали соли равон дар қисмҳои ҳарбию низомии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Фестивал бо намоиши дастовардҳои ҳарбию низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ки дар шаҳри Душанбе қарор доранд, дар саҳни Гвардияи миллӣ оғоз ёфт. Дар он Умедҷон Гуреззода, муовини раиси шаҳри Душанбе, Абдусаттор Шоҳиён, муовини вазири мудофиа, Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Шоҳзод Раҳимзода, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва роҳбарону намояндагони воҳидҳои сохтории шаҳри Душанбе бо ҷалби беш аз 700 афсару сарбоз ва ҷавонони синни даъватию то даъватӣ ҳузур доштанд.
Умедҷон Гуреззода, муовини раиси шаҳри Душанбе, дар рафти кушодашавии Фестивали дӯстии афсарону сарбозони пойтахт гуфт, ки мақсад аз ташкил ва баргузории ин чорабинӣ, бо мақсади самараноку мақсаднок истифода намудани инфрасохтори соҳаи варзиши пойтахт, ҷалби афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватию то даъватӣ ба варзиш ва таҳкими тарзи ҳаёти солим ва дигар бемориҳои сироятӣ миёни ҷавонон, ба ин васила баланд бардоштани рӯҳияи афсарону сарбозон дар роҳи содиқона хизмат кардан ба Ватан, ҷалби ҷавонони синни даъватию то даъватӣ ба ватандӯстию хештаншиносӣ, шиносоӣ пайдо намудан аз шароити хизмати афсарону сарбозон, ҷалби ихтиёрии онҳо ба хизмати ҳарбӣ мебошад.
Шоҳзод Раҳимзода, сардори раёсати ҷавонон ва варзиши пойтахт, зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома гуфт, ки фестивал аз чор қисмати асосӣ иборат буда, қисмати аввали онро маросими ифтитоҳӣ, қисмати дуюму сеюми онро сексияҳои варзишӣ аз рӯйи намудҳои футболи хурд, волейбол, шоҳмот, гӯштии миллӣ ва варзиши сабук ташкил медиҳад. Даври ниҳоии фестивал бо барномаи рангини фарҳангӣ дар доираи Фестивали гулчини сурудҳои ватандӯстонаи «Суруди сарбоз» бо ҷоизасупории дастаҳои ғолиб анҷом мешавад.
Ӯ афзуд, ки қисмати ниҳоии фестивал 22 феврал дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор гардида, ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ бо сарпарастии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Федератсияи футболи Тоҷикистон бо диплом, медал ва ҷом сарфароз мешаванд.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 177