logo

амрҳои президент

АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» дар соли 2021 баргузор карда шавад.
2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
3. Вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмун тадбир андешанд.
4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, барои ҷалби бештари дӯстдорони санъату мусиқӣ ҷораҷӯӣ карда, ғолибони даврҳои якум, дуюм ва омӯзгорони онҳоро бо мукофотҳои моддӣ ва маънавӣ қадрдонӣ  намоянд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2021 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ кардани чорабинии мазкур 2 540 000 (ду миллиону панҷсаду чил ҳазор)  сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.
6. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи хароҷоти анҷомдодаро пешниҳод намояд.
7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири  Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа)  гузошта шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 11 феврали соли 2021, № АП – 42
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.02.2021    №: 39 - 40    Мутолиа карданд: 6430
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед