Хабарҳо
ҶАҲОН
СҶТ: «ТЕЪДОДИ ФАВТ АЗ КОРОНАВИРУС ДАР ҶАҲОН ТАЙИ ҲАФТА 20 ДАРСАД КОҲИШ ЁФТ»
ТАСС. Шумораи мубталоёни коронавирус дар дунё аз 15 то 21 феврал 11 дарсад ва теъдоди фавт дар муқоиса бо ҳафтаи гузашта 20 дарсад коҳиш ёфт. Ин ҳолат пай дар пай ҳафтаи шашум аст, ки идома дорад. Дар ин бора Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иттилоъ додааст.
Ҳафтаи гузашта 2 457 026 нафар бемор ба қайд гирифта шуда, 66 359 кас ҷон бохт. То 21 феврал дар дунё теъдоди сироятшудагон ба 110 763 898 расида, 2 455 331 нафар даргузашт. Камшавии беморӣ дар Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ 19, минтақаи ғарбии уқёнуси Ором 9, Аврупо 7, шарқи баҳри Миёназамин 7 дарсадро ташкил дод. Фавт низ дар ин минтақаҳо мутаносибан 23, 6, 19 ва 3 дарсад кам шуд.
БАЙНИ ӮЗБЕКИСТОНУ ҲИНДУСТОН ПАРВОЗҲОИ ҲАВОӢ БАРҚАРОР МЕШАВАНД
Tafsilar.info. Дар Ӯзбекистон парвозҳои мунтазам тариқи хатсайрҳои Тошкент – Деҳлӣ – Тошкент аз 5 март барқарор мегарданд. Гуфта мешавад, ки парвозҳо дар як ҳафта ду бор – рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа сурат мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки Ӯзбекистон, бинобар паҳншавии бемории COVID – 19, аз 16 марти соли 2020 парвози ҳавопаймоҳои мусофиркашро ба хориҷи кишвар қатъ намуда буд. Ҳоло бошад, марҳила ба марҳила парвози ҳавопаймоҳо байни давлатҳо роҳандозӣ мегарданд. Аз ҷумла, Uzbekistan Airways шурӯъ аз моҳи сентябри соли гузашта парвозҳои мунтазамро ба Беларус, Туркия, АМА, Қазоқистон ва моҳи январи соли равон ба Тоҷикистон барқарор намуд.
ДАР ҚАЗОҚИСТОН АЗ 1 МАРТ РЕҶАИ КАРАНТИН ХЕЛЕ САБУК МЕГАРДАД
Каз ТАГ. Интизор меравад, ки аз 1 марти соли равон реҷаи карантин дар Қазоқистон хеле сабук мегардад. Дар ин бора директори палатаи минтақавии соҳибкорони Алмаато Айтуар Кошмамбетов хабар додааст.
- Дар ҷаласаи комиссияи байниидоравӣ оид ба пешгирии паҳншавии COVID – 19 бо пешниҳоди Палатаи миллии соҳибкорони «Атамакен» ва ҳокимиятҳои минтақавӣ аз 1-уми марти соли 2021 барои баргузории мусобиқоти варзишӣ бо ширкати мухлисон (теъдоди иштирокдорон баррасӣ мегардад) ва фаъолияти клуби дилхушии кӯдакона, сирк ва муассисаҳои билярдбозӣ маҳдудиятҳо сабук мешаванд.
ИҶОЗАТИ БАЙДЕН БАРОИ ВУРУДИ БАЪЗЕ ХОРИҶИЁН БА ИМА
АИР «Новости». Президенти ИМА Ҷо Байден фармони собиқ Роҳбари давлат Доналд Трампро аз моҳи апрели соли 2020, ки вуруди шаҳрвандони баъзе кишварҳоро манъ менамуд, бекор кард.
Ба гуфтаи Байден ин санади имзокардаи Трамп ба рушди соҳаи иқтисоди ИМА, ки истеъдодҳоро аз тамоми ҷаҳон истифода мебарад, инчунин, пайваст шудани шаҳрвандони дигар кишвар, ки пайвандонашон дар ИМА зиндагӣ мекунанд, халал мерасонад.
БОЗОРИ МЕҲНАТИ ҶАҲОН ДАР СОЛИ 2020-УМ 255 МИЛЛИОН ҶОИ КОРИРО АЗ ДАСТ ДОД
«Известия». Соли гузашта бозори меҳнати ҷаҳон аз таъсири пандемияи коронавирус нисбат ба буҳрони иқтисодии ҷаҳонии соли 2008 чор баробар зиёд ҷойҳои кориро аз даст дод. Дар ин бора директори генералии Созмони байналмилалии меҳнат Гай Райдер иттилоъ медиҳад.
Бино ба маълумоти идора, соли 2020 теъдоди соатҳои корӣ (корҳои воқеан иҷрошуда) 8,8 дарсад коҳиш ёфтанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 213