logo

Хабарҳо

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

Бар пояи маълумоти Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, дар мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2021 (5 – 7  март,  Тошканд, Ӯзбекистон) кишвари моро Абумуслим Қаюмзода, Баҳром Суфиев, Алиҷон Сафаралиев, Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯзи Хоҷазода, Акмал Муродов, Ҳақназар Назаров, Комроншоҳи Устопириён, Саидҷалол Саидов, Раҳмон Мансур, Темур Раҳимов, Шакармамад Мирмамадов ва Шоҳида Қаландарова (миёни бонувон) намояндагӣ мекунанд.
Дар мусобиқа иштироки 547 варзишгар (317 мард ва 230 зан) аз 78 кишвари ҷаҳон дар назар аст, - хабар медиҳад сомонаи Федератсияи байналмилалии дзюдо.
Ба гӯштигирон дар мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал холҳои олимпӣ, инчунин, ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дуюм 3000 ва барои ду зинаи сеюм 1500-долларӣ дода мешавад. 
 
АСРИ ХХI, КӢ БИСЁР БОЗӢ КАРДААСТ?
Бино ба иттилои Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол (IFFHS), Криштиану Роналду, ҳамлагари тими «Ювентус» ва мунтахаби Португалия, ягона футболбозест, ки дар асри ХХI, дар маҷмӯъ 1047 бор ба майдон баромада, беш аз 1000 бозӣ кардааст. 
Дар ин феҳрист Икер Касиляс (974 бозӣ), собиқ дарвозабони «Реал Мадрид» ва тими миллии Испания, зинаи дуюмро касб мекунад. Инчунин, 74 вохӯрии дигари Касиляс ба қарни гузашта рост меояд. 
 
 
HERO I-LEAGUE.  ТОҶИКБАЧА БЕҲТАРИН БОЗИГАРИ ДАВРИ 10-УМ
Комрон Турсунов, нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон, ки дар дастаи «ТРАУ» Hero I-League  (дивизиони якуми Ҳиндустон) бозӣ мекунад, голи панҷуми худро зад, - хабар додааст ФФТ.
Дар қувваозмоии даври даҳум бошгоҳи «ТРАУ» дар меҳмонӣ тими «Индиан Эрроус»-ро бо ҳисоби 5:1 шикаст дод. Футболбози тоҷик дар вохӯрӣ як гол зад ва ду тӯби головар дод. 
Дар натиҷа, Комрон Турсунов беҳтарин бозигари қувваозмоӣ гардид. 
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 210
20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед