Хабарҳо
КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ корхонаҳои парандапарварӣ қариб ду баробар зиёд шуда, айни замон беш аз 180 хоҷагии парандапарварӣ фаъолият дорад, ки дар он наздики 10 миллион паранда парвариш меёбад.
Тавре Абдураҳмон Ҷобиров, сардори раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, ба хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт, порсол истеҳсоли тухм қариб ба 1 миллиард дона расид, ки нисбат ба соли 2019 - ум 5,5 дарсад беш мебошад. Инчунин, дар кишвар 20 корхонаи парандапарварӣ бунёд ва навсозӣ гардида, шумораи парандаҳо нисбат ба соли 2019 - ум 1 миллиону 300 ҳазор сар афзоиш ёфтааст.
Ҳукумати кишвар ба рушду инкишофи соҳаи парандапарварӣ таваҷҷуҳи хоса медиҳад. Аз ин рӯ, аз соли 2018 ба кодекси андоз ва гумрук тағйирот ворид гашта, воридкунандагони технологияи коркард ва маводи хӯрокаро аз андоз ва боҷи гумрукӣ ба муҳлати 6 сол озод карданд.
М. САИДВАЛӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 211