Хабарҳо
АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ
Тавре зимни натиҷагирии фаъолияти солонаи Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ зикр гашт, надоштани оби полизӣ аз замони шӯравӣ чун мушкили ҳалношудаи мавзеи Ҳоити ноҳияи Рашт боқӣ мондааст. Ҳамакнун, бо дастгирии Пешвои миллат ин заминҳои лабташна низ то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ шодоб хоҳанд гашт. Дар ин мавзеъ, аллакай, лӯлаҳои обгузар насб гардида, корҳои лоиҳакашӣ рафта истодаанд.
Мавзеи Камчароғи ноҳияи Рашт низ, ки тавассути канал обёрӣ мешавад, 30 сол боз аз об маҳрум аст. Масоҳати он 250 гектарро ташкил дода, бо кашидани лӯлаҳои обгузар ин заминҳо ҳам ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешаванд.
Ба таъкиди раиси агентӣ Холмурод Раҳмон, дар ноҳияи Лахш таваҷҷуҳи асосӣ ба зиёд намудани майдони кишти картошка равона гардида, бо барқарор намудани каналҳои Пиёзӣ, Ғуломак ва Ҷонқирғиз 500 гектар замин ба дасти деҳқон мерасад. Дар деҳаи Қарашурдаи ноҳия беҳсозии вазъи обёрии 250 гектар замин ба нақша гирифта шудааст.
Дар мавриди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ гуфта шуд, ки айни замон 4 лоиҳа мавриди амал қарор дошта, дар доираи татбиқи лоиҳаи «Идоракунии захираҳои оби водии Фарғона» бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ инфрасохтори обёрии ноҳияҳои Дӯстӣ, Кӯшониён, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ ва Ҷайҳун тақвият бахшида мешавад. Инчунин, қарор аст бо Бонки Осиёии Рушд шабакаю дигар инфрасохтори обёрии ноҳияҳои Ёвон, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросон барқарор гарданд.
Лоиҳаи «Идоракунии захираи об дар ҳавзаи дарёи Панҷ» бошад, дар ноҳияҳои Фархору Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Восеъ мавриди амал қарор дорад. Бунёди ҳавзи обтаҳшинкунӣ дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ яке аз афзалиятҳои лоиҳаи мазкур унвон мешавад. Зеро бар асари серқум будани оби дарёи Панҷ зарурат пеш меомад, ки ҳар сол каналҳо ду маротиба тоза шаванд. Вале бо супориши Роҳбари давлат бунёди ҳавз оғоз ёфт, ки дастрасии се ноҳияро бо оби тоза фароҳам меорад.
Мавриди зикр аст, ки соли гузашта аз ҷониби идораҳои оби шаҳру ноҳияҳо ба маблағи беш аз 8,5 миллион сомонӣ корҳои мелиоративӣ ба анҷом расонда шуда, ҳолати ғайриқаноатбахши обёрии беш аз 10 ҳазор гектар замини кишоварзӣ беҳ шуда, нақша барзиёд таъмин гашт. Дар баробари ин, 336 гектар замини нави обёришаванда аз худ ва 2065 гектар замини дигар ба гардиши кишоварзӣ ворид гардид, ки 1265 гектари он аз нақша зиёд аст. Ҳоло корҳо барои азхудкунии мутаносибан 250 ва 140 гектар замини нав дар мавзеи Ҳоити ноҳияи Рашт ва Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент идома доранд.
М. ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 228