logo

Хабарҳо

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

7000 нусха китоби мондагори аллома Бобоҷон Ғафуров – «Тоҷикон» ба ноҳияи Тоҷикобод расид.
Сокинони ноҳия аз туҳфаи арзишманди Пешвои миллат сарафроз буда,  шоданд, ки метавонанд барои баланд намудани савияи дониши худ аз он чун сарчашма истифода намуда, онро баҳри омӯзиши худшиносии наслҳои имрӯзу фардо манбаъ шуморанд.
 
 
«ПАРВОНАҲО» ДАР ҚАЗОН  ҶОИЗА ГИРИФТ
Филми «Парвонаҳо» («Мотыльки») - и коргардони ҷавон Дилшод Авазов дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия сазовори ҷоизаи Кинофестивали байналмилалии «Зилант» шуд.
Ба гуфтаи коргардон, филм дар бораи духтаре қисса мекунад, ки дигарон барояш роҳу равиши зиндагиро таъйин мекунанд ва ин ба сарнавишти ӯ бетаъсир намемонад. 
Наворбардор Пайрав Шарифов буда, нақшҳои асосиро Усмон Тӯраев ва Анна Гуляева офаридаанд.
 
 
“РОСУ” ДАР АМРИКО ЧОП ШУД
Романи “Росу” - и Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон ба забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва бо хати форсӣ (дар як китоб) дар Амрико рӯи чопро дид.
Асари мазкур тамсилӣ буда, воқеаҳо бо образҳои калламушҳо таҷассум ёфтаанд. Калламушҳо чунон ба нафсу тамаъ пойбанд мешаванд, ки дар охир ба хӯрдани ҳамдигар оғоз мекунанд.
Сарпарасти чопи китоб Шервони Афзалшоҳ буда, тарҷумаи матни онро ба забони англисӣ Иброҳим Таҳоссонӣ сомон додааст.
 
 
РОҒУННОМАИ САМАНДАР
Самандар Искандаров, собиқ корманди рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва собиқадори ҷанги Афғонистон, аз нашри китоби нави худ «Роғун – арсаи номусу нанг» хабар дод.
«Роғун – арсаи номусу нанг» дар бораи ранҷҳои шабонарӯзии муҳандисони кордони НБО «Роғун» ҳикоят мекунад, ки барои мустаҳкамии пояҳои ин иншооти таърихӣ аз кадом шеваҳои муҳандисӣ кор мегиранд.
Муаллиф солҳо дар Эрону Афғонистон тарҷумони техникии соҳаи истихроҷ ва сохтмони муассисаҳои нафтӣ буд ва дар иншои роғуннома низ ин таҷрибааш кор додааст.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 220
20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед